Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи фоҷиабори нақлиётӣ

11423-юми июли соли 2024, тахминан соати 18:51-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Версо», Ғаниев Ҳамзалӣ Абдувалиевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд тавассути шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори роҳ ба масофаи 18 метр сарозер шудааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Раҳмонова Шаҳодат, соли таваллудаш 1971 ва Иброҳимова Моҳиниссо, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
24-уми июли соли 2024, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra j» Ҳасанзода Фозил, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар 333-юм километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Opel Astra H» таҳти идораи Сангинов Зоҳир, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra j» Ҳасанзода Ф. ва мусофирони автомашинаи мазкур Ҳасанзода Зуҳро, соли таваллудаш 1985, Ҳасанзода Абумуслим, соли таваллудаш 2002, Ҳасанзода Абдулазиз, соли таваллудаш 2004, Ҳасанзода Муслима, соли таваллудаш 2014, сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Opel Astra H» Сангинов З. ва мусофири автомашинаи мазкур Хидиров Шариф, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Гулистон, Исроилова Гулноза, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирон Исроилова Маҳлиё, соли таваллудаш 2003 ва Раҳматзода Бобоҳасан, соли таваллудаш 2007, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика