Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар зан дар садамаҳои нақлиётӣ

1645

22-юми июли соли 2024, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, Саидов Ҷовидон Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Мирзоалиева Шаҳло Нуралиевна, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Саидов Ҷ.Р. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Қосимов Содиқ, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
22-юми июли соли 2024, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Фаридунов Давлатёр Ҷумаевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти Панҷи поён, ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пояҳои бетонии қубури обгузар бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Ятимова Марҷона, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика