19-уми июли соли 2024, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамағаи “ВАЗ 469”, Шарипов Садриддин Қадриддинович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯҳии ноҳамвори ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 14 метр чаппа шуда, оташ гирифтааст.
Дар натиҷа, ронанда Шарипоф С.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мусофири дохили автомашинаи мазкур Шарипов Имаралӣ Ҳомидҷонович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Лахш, қисмати зиёди баданаш сӯхта дар беморхона бистарӣ гардида, баъди 4 соат ба ҳалокат расидааст.
21-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тағоев Фахриддин Файзуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Данғара, дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Ҳилолии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзозода Маҳваш Амриддин, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми июли соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Камри», Кулиев Нозимҷон Сатторович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Қурбонова Садафой, соли таваллудаш 1972 ва духтараш Саидова Суман, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қурбонова Садафой ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидааст ва Саидова Суман ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>