Хонаи Эргашбойбача намунае аз таърихи санъати меъмории биносозии хуҷандиён мебошад. Ин санъати меъмории нотакрор дар маркази шаҳри Хуҷанд дар қисми шимолии бозори машҳури Панҷшанбе дар кӯчаи Содирхон Ҳофиз №87 воқеъ аст. Сохтмони бино ба охири асри XIX ва чоряки аввали асри ХХ мутааллиқ аст.
Эргашбойбача худ тоҷири машҳури хушкмеваҳо буда, ӯ меваҳои хушкардашударо ҷамъоварӣ намуда, онро ба Русия мебурд ва ба ивази он молҳои саноатиро ба макони худ меовард. Имконияти молиявии тоҷир Эргашбойбача имконият дод, ки дар масоҳати 0,10 гектар дар замини холии канори маҳаллаи Пуларқшӣ ҳавлие бунёд намояд. Ҳавлии Эргашбойбача бо риояи талаботи биносозии шарқ бунёд гардида, он аз ду қисмат иборат аст: ҳавлии дарунӣ ва ҳавлии берунӣ. Дарвозаи даромадгоҳи ҳавлӣ ба тарафи ҷануб нигаронида шуда, аз дарвозаи калони дутабақаи чӯбин, ки бо услуби бағдодӣ оро ёфтааст, иборат мебошад. Дар паҳлӯи дарвоза дари хурди даромад мавҷуд аст, ки он низ бо санъати волои кандакорӣ оро ёфтааст.
Қисмати ҳавлии дарунӣ, ки ба занҳо тааллуқ дорад аз хона, пойгаҳ ва оташдон иборат мебошад. Инчунин дар ин қисми ҳавлӣ айвон, биноҳои ёрирасон: танӯрхона, ошдон иборат аст. Дар саҳни ҳавлӣ майдончаи начандон калон барои парвариши рустаниҳо мавҷуд аст. Як вақтҳо ин қисмати хона аз ҳавлии берунӣ, ки ба мардон тааллуқ доранд бо девор ҷудо шуда буд, ки имрӯзҳо мавҷуд нест. Дар таги айвони ҳавлии дарунӣ нимзаминкан – анбор мавҷуд аст, ки даромадаш аз қисмати ҳавлии мардона аст.
Ҳавлии берунӣ аз се хонаи пешайвондор (долонҳо) утоқи корӣ иборат аст. Дар саҳни ҳавлӣ дар қисмати ҷанубӣ таҳхона, ки вазифаи саисхона (ҷилавхона) барои аспро иҷро мекунад ва болои он ду хонаи даҳлездори пешайвон пӯшида шуда мавҷуданд.
Оид ба хонаи мазкур дар асарҳои илмӣ-этнографӣ, ёддоштии олимону ҳаммаҳаллагон, академик З.Ш.Раҷабов, профессорон Н.О.Турсунов, Ҷ.Ҳ.Ҷӯразода, А.К.Мирбобоев, М.Файзуллоев ва дигарон маълумотҳои кӯтоҳ ва нопурраи ҳамаи ҷабҳаҳои таърихи санъати меъморӣ ва ороишии тоҷикони водии Фарғона оварда шудааст. Маълумоти мухтасари зерин аз ин сарчашмаҳо гирифта шудааст.
Масолеҳи сохтмони ин бинои истиқоматии шахсӣ аз маводҳои пурра маҳаллӣ: санг, хишти пухта ва хом, чӯб, гаҷу хок, коҳбеда ва ғайраҳо буда, нақшу нигорҳояш аз тарафи наққошони тоҷик бо истифодаи рангҳои табиӣ оро дода шуда, унсурҳои гиреҳ, ислимӣ ва катиба васеъ истифода бурда шудааст, ки ин ҳама аз санъати волои мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Баъзе сутунҳову болорҳои хона бо усули хоса аз ҷониби устоҳо кандакорӣ ва ба шакл дароварда шудааст, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Солҳои 1985-1986 Шӯъбаи эҳё ва навсозии объектҳои таърихии Ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд (он вақта Ленинобод) баъди бозгардонидани бино аз хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд онро қисман азнавсозӣ кардааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>