Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) - дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст.
Ҳаҷми Баҳри тоҷик:
дарозиаш қариб 65 км;
васеъгиаш аз 50 то 20 км (тағйирёбанда);
масоҳати сатҳи оби обанбор – 513 км;
ҳаҷми умумӣ – 3413,5 м3;
ҳаҷми фоиданоки он- 2743 м3;
сатҳи аз ҳама зиёди оби он – 374, 5 м.
Баҳри тоҷик бо шабакаҳои НБО – Қайроққум: бо се ХИБ – и 220 кВт ва панҷ ХИБ – и 110 кВт пайваст аст.
Собиқ "Обанбори Қайроққум" солҳои 50 - уми асри XX бунёд ёфта барои захираву обёрии заминҳои водии Фарғона низ истифода бурда мешавад. Обанбори Қайроққум, минбаъд бо номгузории "Баҳри тоҷик" маъмул шудааст.
Баъди бунёд кардани обанбори Қайроққум, аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Қайроққум бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шӯҳратманд гардида буд. Имрӯзҳо кормандони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Зиёда аз 2 миллион моҳичаҳо дар обанборҳои махсус парвариш карда мешаванд. Дар обанбор моҳиҳои гуногун парвариш карда мешавад.
Дар соҳили Баҳри тоҷик якчанд осоишгоҳҳои фароғативу беҳдоштӣ барои истироҳати мардум ба монанди «Баҳористон», «Соҳил», «Конибодом» ва ғайра сохта шудаанд ва фаъолият мекунанд. Онҳо ба ҷойи дӯстдоштаи саёҳату истироҳати сокинони Тоҷикистон ва инчунин сокинони кишварҳои хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>