Хоҷа Оби Гарм аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷаҳон аст, ки дар Тоҷикистон, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Ин ягона осоишгоҳ дар дунёст, ки дар он ҷо об ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ ҳамчун воситаи табобатӣ истифода мебаранд. Таъсири давогии буғ ва оби шифобахши нодири Хоҷа Оби Гарм аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва тамоми ниёзмандонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғу оби шифобахши Хоҷа Оби Гарм дар маъхазҳои илмӣ вохӯрдан мумкин аст. Аз ҷумла, олими намоёни тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи "Қонуни тиб", олими асри XV-и форсизабони Ҳиндустон Баҳва ибни Ҳавас дар китоби "Воситаҳои табобатию минералӣ", ҷуғрофидони асри XIX-и рус Покатило дар рисолаи илмии худ ва даҳҳо олимони соҳаҳои гуногун дар ин хусус муфассал гуфтаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд ин буғи тафсону оби гарми шифобахш хеле барвақт ба мардуми Осиёи Миёна маълум буд, аммо аврупоиҳо дар бораи он дар охири асри XIX - ба шарофати ҷуғрофидони рус, профессор В.К.Липиский огаҳӣ пайдо карданд. Дуруст аст, ки чунин обу буғ дар Фаронса ҳам будааст, вале он бо сабабҳои номаълум дар солҳои 20-уми асри гузашта хушкидааст.
Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм дар нимаи аввали солҳои 30-юми асри гузашта бо ташаббуси нахустин роҳбарони Ҳукумати шӯравии Тоҷикистон, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис ёфтааст. Дар аввал осоишгоҳ аз чанд бинои хурд иборат буд, аммо бо мурури замон, дар баробари сол то сол рушду нумӯъ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ иморатҳои боҳашамату ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардидаанд.
Хоҷа Оби Гарм дар ҷойи хеле хушманзара воқеъ гардида, нимҷазираеро мемонад. Аз ду тарафи он дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ки онҳоро аҳолии таҳҷоӣ Оби Мазор ва Оби Каландӣ меноманд, ҷорӣ шуда, дар поён ба ҳам мепайванданд. Баъди пайвастшавии дарёчаҳо он номи оби Хоҷа Оби Гармро гирифта, бо ҷӯшу хурӯши зиёдтар ба рӯди шодоби Варзоб мерезад.
Биноҳои боҳашамати ҳаштошёна бо қуллаҳои барфпӯши бовиқору бошукӯҳи ин мавзеъ ҳамсон буда, ҳар бинандаро ба ҳайрат меоранд. Аслан, дар ин ҷо ҳама чиз чун муъҷиза ба назар мерасад. Ҳам буғи шифобахши беҳамтою ҳам оби шифобахши дорои чандин маъданҳо, ҳам қуллаҳои касногузар ва ҳам қасрҳои боҳашамат.
Дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол эълон гардидааст, муаррифии чунин мавзеъҳои зебои Ватан беҳтарин армуғонест.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №05(457) аз 01-02-2018
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>