Лоиҳа
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва самтҳои асосии фаъолият, принсипҳо, сохтор, ташкил, ҳуқуқу уҳдадориҳо, хизмат дар политсия, кафолати ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии политсияро муайян намуда, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъият ва давлат, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) политсия - воҳиди таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтиш буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ муҳофизат намуда, чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро истифода мебарад;
2) корманди политсия - танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар политсия фаъолияти хизмати давлатиро ба амал мебарорад ва тибқи тартиби муқарраргардида ба ӯ рутбаи махсус дода мешавад;
3) уҳдадории мансабӣ дар политсия - маҷмуи уҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби мушаххаси давлатии мутобиқ ба мақсад ва вазифаҳои политсия буда, онҳоро корманди политсия дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад;
4) талаботи тахассусӣ - талаботе, ки бо мақсади муайян кардани сатҳи тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххас дар политсия ҳангоми қабул шудан ба хизмат ва барои ишғоли мансаби баландтар дар политсия муқаррар карда мешавад;
5) хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин, ҳамсар.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи политсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба кормандони политсия паҳн мегардад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба дигар кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти политсия
Фаъолияти политсия дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
1) эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо, қадр ва номуси инсон ва шаҳрванд;
2) қонуният;
3) садоқат ба Ватан, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, беғаразона ва содиқона хизмат кардан ба халқ;
4) баробарии ҳама дар назди қонун;
5) адолати иҷтимоӣ;
6) инсондӯстӣ;
7) касбият ва салоҳиятнокии корманди политсия;
8) устувории ҳайати шахсии политсия ва ҷоннисорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
9) яккасардорӣ ва муттамарказии идоракунии политсия;
10) ҳисоботдиҳӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, мувофиқат ва ҳамкорӣ бо ҷомеа;
11) шаффофияти фаъолият дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
12) беҳизбӣ;
13) истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир.
Моддаи 5. Самтҳои асосии фаъолияти политсия
Самтҳои асосии фаъолияти политсия инҳо мебошанд:
1) ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
2) баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;
3) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд;
4) пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
5) огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон;
6) бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо;
7) пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва татбиқи ҷазоҳои маъмурӣ;
8) амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
9) ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсони онҳоро содиркарда, шахсони бедарак гумшуда ва муайян кардани ҷасадҳои шахсияташон номаълум;
10) таҳқиқ ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ;
11) огоҳонидан, ошкор ва пешгирӣ намудани терроризм, экстремизм, сепаратизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳо;
12) иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ;
13) таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
14) ҳифзи ҳамагуна шаклҳои моликият аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва амалӣ намудани фаъолияти муҳофизавӣ;
15) иҷро ва назоратбарии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ;
16) ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дигар шахсони ҳифзшаванда;
17) расонидани ёрӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
18) амалӣ намудани фаъолияти экспертӣ ва экспертизаи криминалистӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19) амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирӣ ва назоратбарии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо;
20) назорат ва таъмини бехатарӣ аз сухтор;
21) ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
22) амалӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ;
23) самтҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбининамуда.
Моддаи 6. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти политсия
1. Политсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қатъи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳимоя мекунад.
2. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
3. Корманди политсия дар ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифадор аст асос ва сабабҳои чунин маҳдудият, инчунин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро вобаста ба ин ҳолатҳо фаҳмонад ва барои шинос шудан бо маводе, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс асос шудаанд, имконият диҳад.
4. Аз ҷониби корманди политсия истифодаи муносибати бераҳмона, азобу шиканҷа ё паст задани шаъну шарафи инсон ва шаҳрванд манъ аст. Корманди политсия, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, набояд амалҳоеро анҷом диҳад, ки боиси ба инсон ва шаҳрванд расонидани зарари ҷисмонӣ, молумулкӣ ва маънавӣ гардад.
5. Политсия бе розигии инсон ва шаҳрванд дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ё паҳн кардани маълумотро надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Ба корманди политсия ифшо намудани маълумоте, ки сирри давлатӣ ва хизматӣ, инчунин, дигар маълумоти аз ҷониби қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳанд, манъ аст.
7. Амали корманди политсия, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд месозад, фавран қатъ карда мешавад, агар мақсади қонунӣ ба даст омада бошад ё муайян карда шавад, ки ин мақсад наметавонад ё набояд бо роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба даст оварда шавад.
8. Корманди политсия ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро (аз ҷумла, ҳуқуқи нишондод надодан нисбати худ ва хешовандони наздик, истифода бурдан аз ҳимоятгар ва ғайра) эълон ва таъмин намуда, дар давоми се соат баъд аз дастгиркунии воқеии шахс протоколи дастгиркуниро тартиб дода, як нусхаи онро бо дастхат ба дастгиршуда ё намояндаи қонунии ӯ супорида, дар ҳолатҳои зарурӣ муоинаи тиббии ӯро мегузаронад. Бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгир намудан ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда, яке аз аъзои болиғи оила ё хешовандони наздики ӯро хабардор мекунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро медиҳад ва дар муддати 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ ба прокурор хабар медиҳад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ тадбирҳо меандешад, инчунин, хатареро, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулк дар натиҷаи дастгиркунӣ ё ба ҳабс гирифтани шахс таҳдид мекунад, бартараф менамояд.
9. Аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) корманди политсия, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятиро поймол мекунад, ба роҳбарияти болоии политсия ё Комиссияи махсуси назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, суд ва ё мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ шикоят овардан мумкин аст.
Моддаи 7. Ҳамкории политсия бо мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ
1. Политсия дар иҷрои вазифаҳои худ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҳар як корманди политсия барои дар руҳияи боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва хайрхоҳӣ нигоҳ доштани робитаи қавӣ бо ҷомеа масъул аст.
3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор, дастёрони ихтиёрӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд ба таври ихтиёрӣ, барои ҳалли вазифаҳои дар назди политсия гузошташуда дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иштирок намоянд.
4. Бо мақсади таъмин намудани иштироки ҷомеа дар ислоҳоту рушди фаъолияти политсия ва мустаҳкам намудани боварии аҳолӣ ба политсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои ҳудудии он Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад, ки дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.
5. Бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо шахсони воқеӣ метавонанд бо политсия дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, ошкоро ва ғайриошкоро мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд. Маҷбуран ҷалб кардани шахсони воқеӣ барои ҳамкорӣ бо политсия манъ аст.
Тартиб ва намудҳои мусоидат ва ҳамкории шахсони воқеӣ бо политсия, ҳимояи иҷтимоии онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
6. Шахсоне, ки ба политсия мусоидат менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Маълумот дар бораи шахсоне, ки ба политсия махфиёна мусоидат менамоянд ё мусоидат намудаанд, танҳо бо розигии хаттии онҳо, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир кардани ҷиноят ифшо карда мешавад. Ҳангоми ворид шудани маълумоти кофӣ дар бораи вуҷуд доштани хатар ба ин гуна шахсон, хешовандони наздики онҳо, политсия уҳдадор аст барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, қадру номус ва молу мулки онҳо, инчунин, барои муқаррар кардани сарчашмаҳои таҳдид ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсони гунаҳгор чораҳо андешад.
7. Фаъолияти политсия барои ҷомеа бояд то андозае шаффоф бошад, ки он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накарда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва манфиатҳои қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро поймол насозад.
8. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ҳуқуқ ва ваколати худ, ба истиснои маълумоте, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сирри давлатӣ маҳдуд аст, метавонанд дар бораи фаъолияти политсия маълумоти эътимоднок гиранд.
9. Политсия аз фаъолияти худ мунтазам ба шаҳрвандон ва мақомоти дахлдор ахборот пешниҳод менамояд, ки он тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотии Интернет ва ҳисоботдиҳии шахсони мансабдор (на камтар аз як маротиба дар семоҳа) сурат мегирад.
10. Политсия дар доираи ваколаташ уҳдадор аст, тибқи дархости расмӣ ба воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон иттилоот пешниҳод намояд.
11. Тартиби ҳисоботдиҳӣ ба аҳолӣ оид ба фаъолияти политсия аз тарафи вазири корҳои дохилӣ муайян карда мешавад.
12. Политсия дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва марказҳои тадқиқотӣ, мунтазам мониторинги афкори умумро мегузаронад, ки тартиби онро вазири корҳои дохилӣ муайян менамояд. Афкори умум яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти политсия мебошад. Натиҷаи мониторингҳо ба самъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон ба таври хаттӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иттилоотии Интернет расонида мешавад.
Моддаи 8. Ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҷрои вазифаҳои политсия
1. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, муқовимат ба ҷинояткорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мувофиқа бо роҳбарияти онҳо ҷалб карда мешаванд.
2. Иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантҳо, шунавандагон, адъюнктҳо ва роҳбарияти муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, аз ҷониби онҳо амалӣ намудани дигар вазифаҳо, ки иҷрои онҳо ба зиммаи политсия вогузор гардидааст, ҷузъи тайёрии касбии онҳо ба шумор меравад ва дар барномаҳои таълимии дахлдор ворид карда мешавад. Дар ин ҳолат нисбат ба онҳо ҳуқуқу вазифаҳо, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷавобгарии пешбинишуда барои кормандони политсия паҳн мегардад.
Иштироки курсантон ва шунавандагони ба синни 18 солагӣ нарасида дар чорабинӣ ва иҷрои вазифаҳои зикргардида манъ аст.
БОБИ 2. СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 9. Сохтори политсия
1. Политсия воҳиди таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Сохтори ташкилӣ, шумораи воҳидҳои корӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории политсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Воҳидҳои политсия, ки бо роҳи бастани шартнома, худмаблағгузорӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд, дар мувофиқа бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар объектҳои махсусан муҳим ва минтақаҳои тартиботи реҷавидошта, инчунин, барои дигар мақсадҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсуси мустақили политсия таъсис дода мешаванд.
3. Дар политсия мақомоти тафтиши пешакӣ фаъолият менамояд, ки тартиби фаъолияти мурофиавии онро қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ танзим менамояд.
4. Дар политсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он вогузоршуда, дигар воҳид, хадамот, муассиса ва ташкилотҳо таъсис дода мешаванд.
5. Санадҳои меъёрӣ дар самти кори ташкилӣ-воҳидии политсия аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Моддаи 10. Роҳбарии политсия
1. Роҳбарии политсияро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарии политсияро сардорони раёсат ва шуъбаҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
3. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани сардорони Академия, Сарнозироти политсия, Департамент, Сарраёсат, Сармарказ, раёсат, хадамот, марказ, коллеҷ, литсейҳо, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шуъбаҳои дар шаҳру ноҳияҳо ва дар нақлиёт аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Сардорони воҳидҳои политсия дар объектҳои махсусан муҳим ва минтақаҳои тартиботи реҷавидошта аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
4. Барои ҳар як мансаб ва вазифаи мутахассис дар политсия талаботи тахассусӣ, ки ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулият, донишу малакаи зарурӣ ва собиқаи хизматиро муайян мекунанд, пешбинӣ карда мешаванд.
5. Роҳбарии политсия ва воҳидҳои таркибии он тибқи салоҳияти сатҳи идоракунии зерин амалӣ карда мешавад:
1) сатҳи якум – дорои салоҳияти стратегӣ (Мушовара ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
2) сатҳи дуюм – ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии оперативӣ (Сарраёсат, раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
3) сатҳи сеюм – сатҳи амалинамоии фаъолияти бевоситаи оперативӣ-хизматии политсия (раёсат, шуъба ва шуъбачаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, ноҳия ва деҳот).
6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба фаъолияти политсия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) таҳияи стратегия ва барномаҳои миллӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҷинояткории муташаккил ва киберӣ, дигар масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ бо назардошти афзалиятҳои давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
2) иштирок дар таҳияи стратегия ва барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ (ҳаммонанди онҳо) ва прекурсорҳои онҳо, савдои одамон;
3) рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм, коррупсия, ҷинояткории муташаккил, фаромиллӣ ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, савдои одамон, инчунин, баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти политсия;
4) тасдиқ намудани дастурамалҳо оид ба масъалаҳои рушд, ташкилӣ, кадрӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолияти политсия;
5) дар асоси озмун таъин намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ;
6) банақшагирӣ, истифода ва назоратбарии хароҷоти маблағҳои барои политсия аз буҷет ва дигар сарчашмаҳо ҷудошуда, аз ҷумла, сармоягузорӣ ва хароҷоти воҳидҳои сохтории политсия.
7. Роҳбарони политсия дар доираи ваколати худ бо тартиби муқаррарнамудаи вазири корҳои дохилӣ оид ба фаъолияти политсия ва дигар масъалаҳои самти фаъолияти он ҳисобот медиҳанд.
БОБИ 3. ВАКОЛАТ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 11. Ваколати политсия дар самти додани иҷозатнома, иҷозат ва рухсатнома
1. Политсия ваколатдор аст:
1) барои соҳиб шудани силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, нигоҳ доштан ва гирифта гаштан, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳи мазкур ва лавозимоти ҷангии он ба шахсони воқеӣ рухсатнома диҳад, муҳлати онро тамдид намояд, аз нав ба расмият дарорад, боздорад ва бекор кунад;
2) барои нигоҳ доштан ва интиқоли моддаҳои таркандаи таъиноти саноатӣ ва воситаҳои таркишии он, сахттаъсири заҳролуд ва кимиёвӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозат диҳад, муҳлати онро тамдид намояд, аз нав ба расмият дарорад, боздорад ва бекор кунад;
3) ба шахсони ҳуқуқӣ барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва интиқол додани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он рухсатнома диҳад, бо роҳи азназаргузаронӣ назоратбарӣ намуда, ҳангоми риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида, барои бартараф намудани чунин камбудиҳо дастур диҳад ё онро бекор кунад;
4) барои фаъолият оид ба хариду фурӯш, истеҳсол, сохтан, коллексиякунонӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин, истеҳсоли патрони силоҳ ва қисмҳои асосии он, борут ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозатнома диҳад;
5) барои фаъолият оид ба коллексиякунонӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба шахсони воқеӣ иҷозатнома диҳад;
6) ба шахсони воқеӣ, ки бо силоҳи мукофотӣ сарфароз гардонида шудаанд рухсатнома диҳад;
7) барои кушодани корхонаҳои таъмири силоҳ, тир, ҷойҳои тирандозии ҳарбӣ ва варзишӣ рухсатнома диҳад;
8) барои истеҳсоли муҳр ва сикка ба шахсони ҳуқуқӣ рухсатнома диҳад, барои гирифтани муҳр ва сикка ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рухсатнома диҳад.
2. Политсия уҳдадор аст:
1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳро назоратбарӣ намояд,ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангии он, моддаҳои таркандаи таъиноти саноатӣ ва воситаҳои таркишии он, сахттаъсири заҳролуд ва кимиёвӣ, ҳамчунин, объектҳоеро, ки дар он ҷо гардиши силоҳ амалӣ мегардад, бо роҳи азназаргузаронӣ назоратбарӣ намояд, дар сурати ошкор гардидани вайронкунии қоидаҳои муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани чунин камбудиҳо дастур диҳад, ашёи зикргардидаро гирад, фаъолияти объектҳои дахлдорро манъ намояд, рухсатномаҳои (иҷозат) додашударо бекор намояд;
2) тамоми намудҳои силоҳи ҷангӣ, рахпечи хизматӣ ва ғайринизомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, ташкилоту идораҳо ва дар соҳибияти шаҳрвандон қарордоштаро бо роҳи тирпаронӣ ба қайди ягонаи тиру гилзадонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд;
3) қабул, нигоҳдорӣ ва нобудсозии ҳама намуди силоҳи оташфишон, газӣ, пневматикӣ, сард, дигар силоҳ ва лавозимоти ҷангии онҳо, дастгоҳҳо, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркишии он, сахттаъсири заҳролуд ва кимиёвии ихтиёран супоридашуда, дарёфтгардида ва мусодирашударо амалӣ намояд;
4) санҷиши ҷойҳои истеҳсол, сохтан, нигоҳдорӣ, фурӯш, ҷамъоварии коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, истеҳсоли патрони силоҳ ва қисмҳои асосии он, борут, истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн намудани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва маҳсулоти тарфгарӣ, инчунин, ҷойҳои махсуси безараргардонии зерихок ва анборҳои нигоҳдории маводи радиоактивӣ, кимиёвӣ ва дигарро гузаронад;
5) дар сурати ба миён омадани хатар ҳангоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва воситаҳои таркишии он, сахттаъсири заҳролуд, кимиёвӣ ва ҳама намуди маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба ҳаёт, саломатӣ ё амнияти шаҳрвандон фаъолиятро ё амалӣ иҷозатро барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи мазкур боздорад.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои политсия оид ба таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо
Политсия уҳдадор аст:
1) ҳаёт, саломатӣ, амният, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ё таҳдиди хатар ҳифз намояд;
2) ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, дигар шахсони ҳифзшаванда ва шахсоне, ки бо политсия ҳамкорӣ менамоянд, ҳамчунин, аъзои оилаи онҳоро ҳифз намояд;
3) ба шахсоне, ки аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, офатҳои табиӣ ва техногенӣ зарар дидаанд, инчунин, дар ҳолати оҷизӣ, ё ин ки ҳолати дигар барои саломатӣ ва ҳаёт хатарнок қарор доранд, ёрии таъҷилӣ расонад;
4) ба мақомоти тандурустӣ дар ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобатӣ овардани шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, зуҳравӣ, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё бемории норасогии масунияти пайдошуда (БНМП), ки нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшуда мавҷуд аст, мусоидат намояд;
Моддаи 13. Уҳдадориҳои политсия оид ба муҳофизати молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Политсия уҳдадор аст:
1) молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз амалҳои ғайриқонунӣ муҳофизат намояд, инчунин, дар асоси шартнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
2) нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ашё, молҳои арзишнок, хазина ва дигар молу мулки дарёфтшударо, ки ба политсия супорида шудаанд, таъмин намояд ва то ба ихтиёри мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори дахлдор супоридан, инчунин, барои ба соҳибони қонуниашон баргардонидан тадбирҳо андешад;
3) объектҳои шакли моликияти давлатиро, ки аз рӯи тартиби муқарраргардида ба категорияҳо ҷудо карда шудаанд (муҳим, махсусан муҳим, ҳаёттаъминкунанда, хатарнокияш баланд, ҳифзшаванда) ва ба Феҳрист дохил гардидаанд, таҳти муҳофиза қарор диҳад;
4) фаъолияти муҳофизатиро назоратбарӣ намояд, барои тасдиқи вазъи ҳуқуқии муҳофиз шаҳодатномае, ки намунаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, диҳад;
5) аз муҳофизон ва кормандони шахсони ҳуқуқие, ки дорои ваколати махсус мебошанд, имтиҳони тахассусиро оид ба муайян кардани коршоямӣ барои истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизавӣ қабул намояд, ҳамчунин, назоратбарии фаъолияти онҳоро амалӣ намояд;
6) ташкилотҳое, ки фаъолияти муҳофизатиро амалӣ менамоянд, назоратбарӣ намояд;
7) воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро бозрасӣ намояд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар мустаҳкамкунии техникии объектҳо ҷойдошта, оид ба таъмини амнияти моликияти давлатӣ ва шаклҳои дигари моликият дастур диҳад, инчунин, нақшаҳои сохтмонию васлкуниеро, ки дар онҳо истифодаи воситаҳои махсуси техникии огоҳкунанда ва мушоҳидавӣ ба нақша гирифта шудааст, мувофиқа намояд. Тартиби бозрасӣ намудани воҳидҳои муҳофизатии ташкилотҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 14. Уҳдадориҳои политсия дар муқовимат ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Политсия уҳдадор аст:
1) ариза, хабар ва дигар маълумотро (аз ҷумла, дар шакли электронӣ) дар бораи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва шахсони онҳоро содиркарда қабул намуда, ба қайд гирад, огоҳнома диҳад, санҷиш гузаронад ва аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиаткунандагон хабар диҳад;
2) ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешгирӣ ва ошкор намояд;
3) нисбати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст дар доираи салоҳияти худ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз менамояд ё дар ин бобат маводи заруриро тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ аз рӯи тобеият ирсол намояд;
4) ҷазои маъмуриро таъйин ва татбиқ намояд;
5) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад кунад ва ё аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ирсол намояд, таҳқиқ, пешбурди суръатнок ва тафтиши пешакӣ гузаронад;
6) пешбурди бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро амалӣ намояд;
7) шахсони ҷиноят содиркардаи аз таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд пинҳоншуда, аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, бедарак гумшударо ҷустуҷӯ намояд, ҷасадҳои шахсияташон номаълум ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашавандаро муайян намояд;
8) ҷойи қарор доштани шахсони рабудашуда ва ба гаравгон гирифташударо муайян карда, барои озод намудани онҳо тадбирҳо андешад;
9) доир ба муайян ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва мусодира намудани онҳо чораҳо андешад, нигоҳдорӣ ва нобудсозии онҳоро амалӣ намояд;
10) тибқи қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи салоҳияти худ пешбурд ва баррасии парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амалӣ намояд;
11) аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои аломатҳои сохтакорӣ дошта, мол, ашё ва моддаҳои дар муомилот манъ, маҳдуд ё аз муомилот баровардашуда ва ё муҳлати истифодабариашон ба охир расидаро мусодира намояд, моликияти бесоҳибро нигоҳ дорад ва масъалаи мансубияти минбаъдаи онро ҳал намояд;
12) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи мол ва ашёе, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд мебошад, азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ, ҳарбӣ, киштиҳо, қатораҳои роҳи оҳан ва воситаҳои нақлиётро анҷом диҳад.
13) шахсони дастгиршуда, ҳабсшуда ва шахсонеро, ки нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ шудааст, посбонӣ, нигаҳдорӣ ва муҳофизат намояд;
14) боздоштшудагонеро, ки шахсияташон маълум нест, бо иҷозати прокурор барои муайян намудан ба Қабулгоҳ-тақсимкунанда барои оворагардон ва гадоёни дошташудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон то як моҳ ҷойгир карда, дар ҳолатҳои истисноӣ ин муҳлатро то як моҳи дигар бо иҷозати прокурор тамдид намояд. Боздоштшуда ҳуқуқ дорад аз болои қарори қабулшуда ба суд муроҷиат намояд;
15) тибқи қонунгузорӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ экспертизаҳои судии давлатӣ, инчунин, аз рӯи маводи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмӣ-техникӣ гузаронад;
16) фаъолияти бақайдгирии давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии дактилоскопӣ, аз ҷумла ҷасадҳои шахсияташон номаълум ва бақайдгирии геномиро (ирсиро) амалӣ намояд;
17) нисбати шахсоне, ки бинобар ҳолати саломатӣ, синну сол ё сабабҳои дигар дар бораи худ маълумот дода наметавонанд ва барои муайян намудани ҷасадҳои шахсияташтон номаълум, айнияткунонӣ гузаронад;
18) кирдорҳои террористӣ, экстремистӣ, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар кирдорҳои ҷиноятиро пешгирӣ ва ошкор намояд;
19) дар амалиётҳои маҷмуии зиддитеррористӣ иштирок намояд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд
Политсия уҳдадор аст:
1) тартиботи ҷамъиятиро ҳифз ва амнияти инсон ва шаҳрвандро таъмин намояд;
2) ҳангоми баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти инсон ва шаҳрвандро таъмин намояд;
3) тибқи қонунгузорӣ назоратбарии рафтори шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшударо амалӣ намояд, дар назоратбарии рафтори маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои бе маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст ё мавқуф гузоштани адои ҷазо татбиқ шудааст, иштирок намояд.
Моддаи 16. Уҳдадориҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Политсия уҳдадор аст:
1) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва назорати давлатиро аз болои фаъолияти вазорат, идора, корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ доир ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ намояд;
2) бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ, барқӣ ва ядакҳо, қабули имтиҳонҳо барои иҷозати идоракунии воситаи нақлиёт, трамвай, троллейбусҳо ва додани шаҳодатномаи ронандагӣ, аз ҷумла, байналмилалӣ, муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиётиро гузаронад, санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, аз ҷумла, аз рӯи қайдҳои махсус гузаронад, назорати онро амалӣ намояд ва бо тартиби муқарраргардида воситаҳои нақлиётиро роҳбаладӣ намояд;
3) ҳодисаҳои роҳу нақлиётро бақайд гирифта, пешбурди ҳисоботи омории онро ба роҳ монад;
4) барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд иҷозат медиҳад, хатсайрҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва гаронвазнро мувофиқа намояд, барои истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилии сиёҳшиша иҷозат диҳад, рафти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ки барои тайёр ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбии) ронандагон машғуланд ва истеҳсолкунандагони аломатҳои қайди давлатӣ назорат барад, барои тайёр кардани варақаҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, аз ҷумла, шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба онҳо, иҷозатномаи муваққатӣ, гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани (бозомӯзии) ронандагони воситаҳои нақлиёт, аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, тасдиқнома-ҳисобнома ва дигар маҳсулоти махсусе, ки барои иҷозат додан ба ҳаракат дар роҳ, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тариқи воситаҳои ахбори омма, баргакҳои ҳисоботи оморӣ ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин, дар корҳои васлкунӣ ва истифодабарии воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ зарур аст, ҳамчун фармоишгари давлатӣ баромад намояд;
5) ҷустуҷӯи воситаҳои нақлиёти дуздидашуда, рабудашуда, воситаҳои нақлиётие, ки ронандагонашон аз ҷойи содиршавии ҳодисаи роҳу нақлиёт пинҳон шудаанд, ташкил намояд;
6) баҳисобгирии худкори воситаҳои нақлиёти бақайдгирифта, дар ҷустуҷӯ ва бесоҳиб қарордошта, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, рақамҳои қайди давлатии гумшуда ё дуздидашударо ташкил намуда, бо тартиби муайяншудаи иттилоотӣ ҷамъбаст ва таҳлил намояд.
Моддаи 17. Уҳдадориҳои политсия дар шароити ҳолати фавқулода
Политсия уҳдадор аст:
1) ҳангоми эълон гардидани вазъияти фавқулода тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, расонидани ёрӣ ба зарардидагон ва ҳифзи молу мулки беназоратмондаро таъмин намояд;
2) дар чорабиниҳо оид ба рафъи оқибати садама, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, наҷот додани одамон ва дар сурати эълон шудани вазъияти фавқулода ё ҳолати ҷанг дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳудуди алоҳидаи он, дар таъмини низоми вазъияти фавқулода, инчунин, дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ дар ҳолати эпидемия ва эпизоотия иштирок намояд.
Моддаи 18. Уҳдадориҳои политсия оид ба амалисозии чораҳои маҷбуркунӣ
Политсия уҳдадор аст:
1) супоришҳои хаттии роҳбари мақомоти тафтиши пешакӣ, муфаттиш, мақомоти таҳқиқро дар бораи пешбурди амалҳои тафтишии алоҳида, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дастгир кардани шахсони ҷиноят содиркарда, гумонбаршуда ва айбдоршаванда, дар бораи пешбурди дигар амалҳои мурофиавӣ, овардани шахсони воқеӣ барои гузаронидани таҳқиқот ва экспертизаҳои судӣ-психиатрӣ ва наркологӣ дар доираи мавод ва парвандаҳои ҷиноятӣ амалӣ намояд;
2) санадҳои судиро (судяро) дар бораи иҷрои чораҳои маҷбуркунӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт, ба подош гирифтан ё мусодира намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро иҷро намояд;
3) санадҳои судӣ (судя) ва қарорҳои прокурорҳо, таҳқиқбарандагон, муфаттишон, иҷрочии мақомоти иҷро ва Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар бораи маҷбуран овардани ноболиғон, падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки аз ҳозир шудан бо даъвати онҳо саркашӣ менамоянд, иҷро намояд.
Моддаи 19. Уҳдадориҳои политсия оид ба амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирӣ ва назоратбарии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо
Политсия уҳдадор аст:
1) додани шиноснома, ба қайди зист гузоштан, баҳисобгирӣ ва аз қайди зист баровардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати муваққатӣ ё доимӣ доранд, амалӣ намудани фаъолияти суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, назорати риояи Қоидаҳои реҷаи шиносномавӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба роҳ монад;
2) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷии умумишаҳрвандӣ баррасӣ намояд;
3) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро оид ба даъват намудани шаҳрвандони хориҷӣ аз хориҷи кишвар баррасӣ намояд;
4) ариза оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд, ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба муайян намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳад;
5) шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсони бешаҳрвандро ба қайд гирад, аризаи онҳоро оид ба истиқомати доимӣ ва ба қайди зист гузоштан баррасӣ намояд;
6) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ворид шудан ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома диҳад;
7) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади зист диҳад ва барои баромадан ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷатҳоро барасмият дарорад;
8) дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ҳамчун паноҳҷӯянда ба қайд гирад, мақоми гуреза диҳад ва марказҳои муваққатии нигоҳдории шахсони паноҳҷӯяндаро таъсис диҳад;
9) риояи Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тариқи транзитӣ убур намудани онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратбарӣ намояд, барои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи муайян кардани шахсият, инчунин, барои онҳое, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд, марказҳо таъсис диҳад. Тибқи қонунгузорӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд чораҳои маъмурӣ андешад.
Моддаи 20. Уҳдадориҳои политсия оид ба амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Политсия уҳдадор аст:
1) ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъмин намояд;
2) огоҳонидан, пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, ҳамчунин ошкор ва муайян намудани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркардаро амалӣ намояд;
3) шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, ҳамчунин, шахсони бедарак гумшударо ҷустуҷӯ намояд ва шахсияти ҷасадҳои шинохтанашударо муайян намояд;
4) маълумотро дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ба даст оварад;
5) номгӯй ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашавандаро муайян намояд;
6) амнияти системаҳои иттилоотиро таъмин намояд.
Моддаи 21. Уҳдадориҳои политсия оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Политсия уҳдадор аст:
1) тибқи қонунгузорӣ якҷоя бо дигар мақомоти низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро пешгирӣ намояд;
2) падару модар, намояндаи қонунӣ ва шахсони онҳоро ивазкунанадае, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбия ноболиғон иҷро намекунанд ва ба рафтори онҳо таъсири манфӣ мерасонанд ё нисбати онҳо рафтори бераҳмона мекунанд, ошкор ва муайян намоянд.
3) ноболиғоне, ки амалҳои хатарноки зиддиҷамъиятӣ содир карда, шахсияташон муайян карда нашудааст, ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳои ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноболиғони бесаробон мондаро ба муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ таҳвил диҳад;
4) ноболиғонеро, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба утоқҳои махсусгардонидашудаи политсия барои ноболиғон ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии нозироти политсия таҳвил намояд, барои аз тарафи ноболиғон содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба падар, модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё омӯзгор парвандаи дахлдор тартиб диҳад;
5) назорати ноболиғоне, ки бо татбиқи чораҳои маҷбуркунонии таъсиррасонии тарбиявӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, нисбати онҳо қарор дар бораи шартан татбиқ накардани ҷазо қабул шудааст, аз адои ҷазо озод гардидаанд ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд, дар ҳамбастагӣ бо субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ба роҳ монад.
Моддаи 22. Уҳдадориҳои политсия нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят
Политсия уҳдадор аст:
1) Нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят ва дигар шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудаанд, муносибати хайрхоҳона ва эҳтиромона зоҳир намояд;
2) ҳимояи давлатии ҷабрдидагони мурофиаи судии ҷиноятиро таъмин намояд;
3) дастрасии ҷабрдидагонро ба адолати судӣ, ҳуқуқи ҷуброни зарарро бо роҳи қабул, бақайдгирӣ ва ҳаллу фасли муроҷиати онҳо амалӣ намояд;
4) ҷабрдидагонро аз ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни зарар ва ҳимояи ҳуқуқӣ воқиф намояд;
5) ҷабрдидагонро дар бораи имконияти гирифтани кумаки ҳуқуқӣ, моддӣ, тиббӣ, равонӣ (психологӣ) ва иҷтимоӣ огоҳ намояд;
6) дар сурати мавҷуд набудани имконияти расонидани кумаки тиббӣ дар маҳал, фиристонидани ҷабрдидаро ба муассисаҳои тиббӣ амалӣ намояд;
7) бо дархости ҷабрдида, санҷиши бехатарии манзили ӯро гузаронад, муҳофизати маҳал ва манзили ӯро ташкил намояд, дар сурати мавҷуд будани хавфи асосноки такроршавии суйиқасд ё таъсиррасонӣ аз тарафи гумонбаршудагон ё айбдоршавандагон, муҳофизати ҷисмонии ӯро таъмин намояд;
8) ҷабрдидагонро аз нақши онҳо дар давраи тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, инчунин, ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи муҳлатҳо огоҳ намояд;
9) ҳифзи иттилоотро нисбати ҷабрдида таъмин намояд ва дар ин бора ба ӯ хабар диҳад;
10) молу мулки ҷабрдидаро аз рӯйи мансубият бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас гардонад.
Моддаи 23. Уҳдадориҳои политсия дар самтҳои дигари фаъолият:
Политсия уҳдадор аст:
1) дар фаъолияти худ ҳифзи сирри давлатӣ ва хизматиро таъмин намояд;
2) ҷиҳати такмил додани усулҳои идоракунӣ, тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ барад;
3) татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ва бехатарии экологиро таъмин намояд;
4) фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
5) дигар уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи политсия вогузор гардидаанд, амалӣ намояд.
БОБИ 4. ҲУҚУҚҲОИ ПОЛИТСИЯ
Моддаи 24. Ҳуқуқҳои политсия ҳангоми пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, қатъ кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ намудани уҳдадориҳои политсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани чунин талабот аз чораҳои маҷбуркунонии пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода барад;
2) барои бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо оид ба зарурати андешидани тадбирҳо пешниҳод манзур намояд, ҳангоми дар муҳлати як моҳ иҷро накардани талаботи пешниҳодот, масъалаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсони масъулро ҳал намояд;
3) шахсони ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамударо, ки аз ҳозиршавӣ саркашӣ менамоянд, маҷбуран ба политсия дастрас намояд ва нисбати онҳо маводи зарурӣ тартиб диҳад;
4) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар донистани шахс дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад, инчунин, дигар ҳуҷҷатҳои заруриро, ки барои риояи қоидаҳои назоратбарии чунин шахсон ба зиммаи политсия вогузор шудаанд, талаб намояд;
5) дар азназаргузаронии бор ва бағоҷи мусофирони нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ иштирок намояд;
6) дар гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз ва пас аз парвози сарнишинон (аъзои ҳайати парвоз), дигар кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ, захираҳои дохили ҳавопаймоҳо, борҳо ва почта иштирок намояд;
7) системаҳои иттилоотӣ, техникаи сабти видеоӣ ва овоз, дастгоҳҳои аксбардорӣ, инчунин, дигар воситаҳои техникӣ ва махсусеро, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, ба муҳити атроф зараровар нестанд, дар фаъолияти хизматӣ истифода барад, пешбурди махзани видео ва видеотекаҳои шахсони бо парвандаҳо ва маводи санҷишҳои политсия дахлдоштаро амалӣ намояд, махзани маълумоти оперативӣ - маълумотдиҳӣ, криминалистӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва иттилооти дигарро дар бораи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ашё ва далелҳо таъсис дода, истифода барад, махзани маълумоти дигар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла, маълумоти шахсиро тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд;
8) дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ташвиқоту тарғиботи ҳуқуқӣ барад;
9) корманди политсия баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор ҳуқуқ дорад силоҳи хизматӣ ва воситаҳои махсусро бо худ нигоҳ дорад ва истифода барад;
10) корманди политсия барои таъмини амнияти шахсӣ ва дигар шахсон метавонад аз силоҳи хизматӣ, тоскулоҳ, сипар, гази ашковар, нимтанаҳои зиреҳдор ва воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода барад;
11) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зарурати воқеӣ, корманди политсия қувваеро, ки ба дараҷаи қувваи ба муқобили ӯ ва шахсони дигар истифодашаванда мутаносибро асоснок истифода барад.
Моддаи 25. Ҳуқуқҳои политсия оид ба муайян ва ошкор намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдорро вобаста ба парвандаҳо ва маводе, ки дар пешбурди политсия қарор доранд, тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ё бо истифода аз каналҳои техникии алоқа даъват намояд, дар сурати саркашӣ кардан онҳоро маҷбуран оварад;
2) барои муайян намудани далели истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда дастгиршударо аз шаҳодаткунонӣ ва муоинаи тиббӣ гузаронад, дар сурати саркашӣ кардан онҳоро маҷбуран дастрас намоянд;
3) шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, барои оворагардӣ, гадоӣ, фоҳишагарӣ, сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир ва ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд, шахсияташон муайян набошад, аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ ва бақайдгирии дактилоскопии онҳоро гузаронад;
4) ҳангоми амалинамоии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба даст овардашударо истифода барад;
5) барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, ҳангоми таъқиб ва дастгир кардани маҳкумшудагони фирорнамуда ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, инчунин, ҳангоми ҳолатҳои дигари фавқулода, ки ба амнияти инсон ва шаҳрванд таҳдид мекунанд, минтақаҳои маҳал, иншоот, иморати алоҳида ва воситаҳои нақлиётро иҳота карда, азназаргузаронии онҳоро амалӣ намояд;
6) ҳангоми бевосита пешгирӣ намудани ҷиноятҳо, таъқиби шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва дар ҳолатҳои фавқулодае, ки ба амнияти инсон ва шаҳрванд таҳдид мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳудуд ва бинои ташкилотҳо, қитъаҳои замини шахсони алоҳида дохил шавад (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта), амалҳои оперативӣ-тафтишотӣ гузаронад, вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ё маводи санҷишӣ бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи хизматӣ, бе мамоният ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташриф оварад, бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ шинос шавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро гирад;
7) ҳангоми мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи ҷинояти содиршуда ва шахсони онро содир намуда, дар соҳаи фаъолияти молиявӣ (бонкӣ ва хазинадории буҷетӣ), хоҷагидорӣ, соҳибкорӣ ва савдо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба биноҳои ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон (ба истисно аз намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта) ворид шуда, бо иштироки соҳибмулк ё намояндаи ваколатдори ӯ азназаргузаронии биноҳои истеҳсолӣ, савдо ва дигар биноҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи моликиятро анҷом дода, дар доираи уҳдадориҳои худ ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб диҳад.
Моддаи 26. Ҳуқуқҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти инсон ва шаҳрванд
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) шахсони дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки намуди зоҳирии онҳо шаъну шарафи инсонӣ ва ахлоқии ҷомеаро таҳқир мекунанд ва қобилияти мустақилона роҳ рафтанро надоранд ё ин ки метавонанд ба атрофиён ва худашон зарар расонанд, инчунин, шахсони дар манзилҳояшон дар ҳолати мастӣ қарордоштаро, ки агар рафтори онҳо боиси хавфу зарар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк шуморида шавад, чунин шахсонро барои нигоҳ доштан, ба муассисаҳои махсусгардонидашуда (ҳушёрхонаи тиббӣ) таҳвил диҳад;
2) бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти инсон ва шаҳрванд метавонад якҷоя бо ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавӣ азназаргузаронии шахсӣ, молу мулки бо худ доштаи онҳоро ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди иншоот, қитъаҳои маҳал ё ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар он ҷойҳо чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегарданд, ҳангоми зарурат бо истифода аз воситаҳои техникӣ, сагҳои хизматӣ ва дигар қувваю воситаҳо амалӣ намояд, дар сурати даст кашидани шахсони воқеӣ аз азназаргузаронии шахсӣ онҳоро ба чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳад;
3) бо мақсади таъмини тартибот ва амнияти инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, инчунин, барои гузаронидани амалҳои тафтишии алоҳида, ҳуқуқи даромадани шахсони воқеиро ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ва иншоот, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, рафтуомади пиёдагардонро дар кӯчаю роҳҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, муваққатан маҳдуд ё манъ намояд;
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) ҳангоми пайдо гардидани шубҳа воситаҳои нақлиётро манъ намуда, ҳуқуқи истифода ва идора кардани онҳо, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои мансуб ба воситаи нақлиёт ва борҳои интиқолшавандаро мавриди санҷиш қарор дода, дар сурати гумонбар шудан ба истифода бо мақсадҳои ғайриқонунӣ муоинаи воситаи нақлиётро гузаронад;
2) истифодаи воситаҳои нақлиётеро, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд, бар асари нуқсонҳои техникӣ ба бехатарии ҳаракат дар роҳ хатар доранд, инчунин, аз муоинаи техникии ҳатмӣ нагузаштаанд, қисм ва агрегатҳои пинҳонӣ, қалбакӣ ва тағйирдодашуда, ё ин ки аломатҳои бақайдгирии давлатӣ надоранд, ё қалбакӣ, тағйирдодашуда, ҳамчунин, тамғаи ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ номувофиқ доранд, манъ намояд;
3) воситаҳои нақлиётро боздорад ва ронандаро аз идоракунии воситаи нақлиёт дур намояд, воситаҳои нақлиёти дар ҷустуҷӯ қарордоштаро ҳабс ва дар таваққуфгоҳҳои махсус ҷойгир намояд;
4) дар сурати риоя накардани талабот оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонро дар кӯчаю роҳҳо маҳдуд ё манъ намояд, аломатҳои тафриқавии шартӣ, сиёҳ кардани шишаҳо иҷозат диҳад, аз мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳро талаб намояд.
Моддаи 28. Ҳуқуқҳои политсия дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми амалисозии чорабиниҳои махсус
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин, аз роҳҳои пулакӣ, аз ҷумла, аз воситаҳои нақлиёт сарфи назар аз шакли моликияташон ройгон истифода барад. Кормандони воҳидҳои политсияи дар нақлиёт буда, ҳуқуқ доранд дар минтақаҳои хизматрасонӣ, дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ ройгон сафар намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2) дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои нақлиёте, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шахсони воқеӣ тааллуқ доранд (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда), бе мамоният истифода барад, бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи хароҷот ва товони зарари расонидашуда аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;
3) бо мақсади хизматӣ аз воситаҳои алоқае, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ тааллуқ доранд, (ба ғайр аз воситаҳои алоқаи намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробар кардашуда) ва дар ҳолатҳои таъхирнопазир аз воситаҳои алоқаи ба шаҳрвандон тааллуқдошта, бо ҷуброни хароҷот аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе мамоният истифода барад;
4) дар давраи амали вазъияти фавқулода, ҳолати ҷанг ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатиро татбиқ намояд.
Моддаи 29. Ҳуқуқҳои политсия дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содиршуда
Хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар содир намудани ҷиноятҳо гумонбар дониста шудаанд, дастгир намояд, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, амалҳои тафтишии таъхирнопазирро гузаронад ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсол намудан аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокурор супорад. Инчунин, хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, то ба патрулҳои ҳарбӣ, комендатураи ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ё комиссарони ҳарбӣ супоридан, боздошт намояд.
Моддаи 30. Ҳуқуқҳои политсия оид ба ҷалбсозии шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Политсия ҳуқуқ дорад:
1) бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муайян намудани ҳолатҳои ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, шахсони бедарак гумшуда, инчунин, шахсоне, ки бо хешовандонашон алоқаро гум кардаанд, аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотии Интернет ва алоқа истифода барад;
2) шахсонеро, ки дар ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда ва иҷрои дигар вазифаҳои ба зиммаи политсия гузошташуда ёрӣ расонидаанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳавасманд гардонад.
Моддаи 31. Ҳуқуқҳои политсия ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Политсия ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳуқуқ дорад:
1) бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд намояд;
2) бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони воқеӣ мусоидат ва ҳамкориро ба роҳ монад;
3) таҷҳизот, техника ва воситаҳои махсусро истифода намояд.
БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН
Моддаи 32. Шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон
1. Корманди политсия бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, бо салоҳдиди худ, қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро бо назардошти вазъияти ба миёномада, ҳамчун чораҳои ниҳоӣ истифода мебарад.
2. Корманди политсия ҳуқуқ дорад барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир кардани шахсони онҳоро содирнамуда, рафъ намудани муқобилият ба талаботи қонунии корманди политсия аз қувваи ҷисмонӣ, усулҳои ҷангии гӯштин, воситаҳои дастрас ва худмуҳофизатӣ истифода барад, агар усулҳои ғайримаҷбурии иҷрои вазифаҳои ба зиммаи корманди политсия вогузоршуда натиҷаи лозимӣ надиҳанд.
3. Корманди политсия пеш аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон дар бораи нияти истифодаи он огоҳ мекунад.
4. Корманди политсия ҳуқуқ дорад танҳо дар мавриди таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон ва шаҳрванд, худи ӯ ё дигар ҳолатҳое, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад, бе огоҳӣ қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишонро мавриди истифода қарор диҳад.
5. Дар ҳама ҳолатҳо, агар худдорӣ намудан аз истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон ғайриимкон бошад, корманди политсия бояд кӯшиш намояд, ки то ҳадди имкон зарари нисбатан камтари ҷисмонӣ, маънавӣ ва моддӣ расонад.
6. Ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ва расонидани зарари ҷисмонӣ ё ҷароҳат, корманди политсия уҳдадор аст ба зарардидагон ёрии тиббии аввалия расонад.
7. Дар бораи расонидани зарар ба саломатӣ ва ё зарари моддӣ ба инсон ва шаҳрванд дар натиҷаи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон корманди политсия уҳдадор аст, ба сардори бевоситаи худ ва ё ба қисми навбатдории мақомоти политсияи ҳудудӣ хабар диҳад.
8. Ҳангоми аз тарафи корманди политсия истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон, ки дар натиҷа ба инсон ва шаҳрванд зарари ҷисмонӣ расонида шудааст, политсия вобаста ба ин дар муҳлати кӯтоҳтарин, вале на дертар аз 24 соат прокурор, хешовандон ё шахсони наздики зарардидаро огоҳ менамояд.
9. Берун аз ҳадди ҳуқуқу уҳдадорӣ истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
10. Кормандони политсия, курсантҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии политсия оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс ҷавобгар нестанд, агар онҳо қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода бурда бошанд.
11. Корманди политсия уҳдадор аст барои истифодаи дурусти қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон мунтазам аз тайёрии махсус ва санҷишҳо гузарад.
12. Номгӯи воситаҳои махсус, намудҳои силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
13. Гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ, зиддитеррористӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бар зидди ҷинояткории муташаккил, ҳолатҳои фавқулода ё ҳама гуна зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ, барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон асос шуда наметавонанд.
Моддаи 33. Истифодаи воситаҳои махсус
1. Корманди политсия дар мавридҳои зерин ҳуқуқ дорад шахсан ва ё дар ҳайати гурӯҳ (ҷузъу том) воситаҳои махсусро истифода барад:
1) барои бартараф намудани ҳамла ба инсон ва шаҳрванд;
2) барои бартараф намудани муқобилият ба корманди политсия;
3) барои дастгир намудани шахсе, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят ба чашм аён аст ва кӯшиши пинҳон шуданро дорад;
4) барои дастгир намудани шахсоне, ки оид ба нишон додани муқобилияти мусаллаҳона аз ҷониби онҳо асосҳои кофии зерин мавҷуд аст:
а) ҳангоми аз масофаи муқаррарнамудаи корманди политсия наздик шудани ҷинояткор ба корманди политсия;
б) дар сурати аз ҷониби шахсони дигар ба воситаи махсуси корманди политсия даст расонидан ё кӯшиши онро гирифтан;
в) ҳангоми бо корд ё ашёи дигар мусаллаҳ будани ҷинояткор;
г) ҳангоми ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардани шахс;
ғ) дар сурати аз ҷиҳати ҷисмонӣ бартарият доштани ҷинояткор;
5) барои ба политсия таҳвил додани шахсони дастгиршуда, посбонӣ намудани дастгиршудагон, ҳабсшудагон ва ба ҳабси маъмурӣ гирифташудагоне, ки бо рафтори худ мақсади фирор кардан, расонидани зарар ба атрофиён ё ба худ, ё ин ки муқобилият нишон додан ба корманди политсияро доранд;
6) барои рафъӣ ҳуҷум ба бино, иморат, иншоот ва воситаи нақлиёте, ки ба шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо тааллуқ доранд;
7) барои озод кардани шахсоне, ки бо истифодаи зӯроварӣ дар бино, иморат, иншоот, воситаи нақлиёт ва қитъаҳои замини аз тарафи ҷинояткорон ғасбшуда, нигоҳ дошта мешаванд;
8) барои пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва ҳаракатҳои гуруҳӣ, ки кори нақлиёт, алоқа ва ташкилотҳоро халалдор месозанд;
9) боздоштани воситаи нақлиёте, ки ронандааш талаботи қонунии корманди политсияро оид ба боздоштани воситаи нақлиёт иҷро намекунад.
2. Ба сифати воситаҳои махсус истифода мешаванд:
1) калтакҳои махсус – дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
2) воситаҳои газии махсус – дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 4, 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
3) дастбанд (дар мавриди набудани дастбанд корманди политсия ҳуқуқ дорад, воситаҳои зердастро барои бастан истифода барад) – дар мавридҳои дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
4) воситаҳои нурафкану садодиҳандаи ҷароҳатрасон – дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6, ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
5) воситаҳои маҷбуран боздорандаи нақлиёт – дар мавридҳои дар банди 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
6) обпошакҳои махсус - дар мавридҳои дар бандҳои 6, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
7) мошинҳои зиреҳпӯш (танҳо бо супориши сардори политсия бо минбаъд хабардор намудани прокурор дар давоми 24 соат аз лаҳзаи истифода бурдан) – дар мавридҳои дар бандҳои 4, 6, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
8) сагҳои хизматӣ – дар мавридҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
9) дастгоҳҳои барқӣ (электрошокер) – дар мавридҳои дар бандҳои 1-4, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
10) воситаҳои нобудкунандаи монеаҳо – дар мавридҳои дар бандҳои 6, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
11) воситаҳои махсуси рангкунанда – дар мавридҳои дар бандҳои 3, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
12) аспҳо – дар мавридҳои дар бандҳои 3, 7 ва 8 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
13) тирҳои резинӣ – дар мавридҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
14) лавозимотҳои ҷангии ҷароҳатрасон, инчунин, ҳамшабеҳи силоҳи оташфишон ё сард, норинҷакҳои дастӣ, таҷҳизотҳои таркандаи худсохт ва штатӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин – ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ.
3. Нисбат ба занҳои ҳомиладориашон аён, шахсони нишони аниқи маъюбидошта ва хурдсолон, агар синну соли онҳо баръало аён бошад, истифодаи воситаҳои махсус манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳуҷуми гуруҳӣ ё дигар ҳаракатҳои ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдидкунандаро содир мекунанд ва баръало дар чунин қонуншиканиҳо фаъолона иштирок менамоянд.
4. Ҳангоми гузаронидани гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ, намоишҳо, пикетҳо ва маҷлисҳои ғайриқонунӣ, ки тартиботи ҷамъиятӣ вайрон мегардад, истифодаи воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад.
5. Корманди политсия ҳангоми мудофиаи зарурӣ, зарурати ниҳоӣ ё таваккали асоснок ва набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ҳуқуқ дорад аз ҳама гуна воситаҳои дастрас ва ашёҳо бо шартҳо ва маҳдудияти муқаррарнамудаи Қонуни мазкур истифода барад. Корманди политсия пеш аз он ки воситаи махсусро истифода барад, бояд огоҳ намояд.
Моддаи 34. Истифодаи силоҳи оташфишон
1. Истифодаи силоҳи оташфишон ин чораи ниҳоӣ мебошад.
2. Истифодаи силоҳи оташфишон ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахсе мебошад, ки ҳаракати хавфнокаш бартараф карда шавад. Корманди политсия ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зарурӣ, дигар намудҳои силоҳро низ истифода барад, ки боиси марги инсон намегарданд.
3. Корманди политсия ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин шахсан ва ё дар ҳайати гурӯҳ силоҳи оташфишонро ба сифати чораи ниҳоӣ истифода барад:
1) барои ҳимояи шахс аз ҳуҷуми ба ҳаёт ва саломатии ӯ хавфнок;
2) барои озод кардани гаравгонҳо;
3) барои зада гардонидани ҳуҷум, ҳуҷуми гуруҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла, бо истифода аз моддаҳои тарканда ва оташангез ба корманди политсия, шахсони дигаре, ки вазифаи давлатӣ ва ё ҷамъиятиро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иҷро мекунанд;
4) барои рафъи ҳуҷум, ҳуҷуми гуруҳӣ ё мусаллаҳона, аз ҷумла, бо истифода аз моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, ашёҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, ба манзилҳои истиқоматӣ, иншооти муҳим ва муҳофизатшаванда, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зада гардонидани ҳуҷум ба дастаҳои навбатдори низомӣ ва хизматии политсия;
5) барои дастгир кардани шахсе, ки:
а) муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳад;
б) дар кирдораш аломатҳои таркиби ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини ба муқобили ҳаёт, саломатӣ ё моликият дошта, кушиши пинҳон шуданро дорад;
в) дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор дониста шудааст, ё аз озодӣ маҳрум шуда, дар ҷойҳои нигаҳдории ҳабсшудагон зери посбонӣ қарор дошта, ки ҳаракати фирор намуданро дорад ё амалҳои бо роҳи зӯроварӣ озод намудани чунин шахсро дорад;
г) мусаллаҳ аст ва аз иҷрои талаби қонунии корманди политсия дар бораи супоридани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои тарканда, моддаҳои оташангез ва дигар маводи хатарнок саркашӣ мекунад;
6) барои рафъи кӯшиши ба даст овардани силоҳи оташфишон, воситаи нақлиёт, техникаи махсус ва ҷангие, ки дар ихтиёри политсия мебошад;
7) барои рафъи ҳуҷум ба кормандон ва шахсоне, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд, инчунин, ба иншооти муҳим ва ҳифзшаванда, биноҳои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин, барои рафъи ҳаракатҳои фаъолонаи шахсоне, ки даъвати оммавии зиддиҳуқуқӣ мекунанд;
8) барои вайрон намудани воситаҳои қулфшаванда, ҳамчунин, қисмҳо ва таркибҳое, ки барои ворид шудан ба манзил, бино, ҳуҷра, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд;
9) барои боздоштани воситаи нақлиёт бо роҳи вайрон кардани қисми он, агар ҳаракатҳои ронанда ҳаёт ва саломатии инсон ва шаҳрвандро зери хатари воқеӣ гузошта, худи ӯ ба талаботи қонунии такрории корманди политсия оид ба боздоштани воситаи нақлиёт итоат накунад;
10) барои безарар гардонидани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ва шаҳрванд ё худи корманди политсия таҳдид мекунад;
11) барои тирпаронии огоҳикунанда, додани бонги хатар ё даъват ба ёрӣ бо роҳи тирпаронии ба боло ё самти бехатар.
4. Пеш аз истифодаи силоҳи оташфишон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, дар бораи нияти истифодаи он шифоҳӣ ё бо роҳи тир кушодан ба самти бехатар огоҳӣ дода мешавад.
5. Дар ҳолатҳои зерин силоҳи оташфишон бе огоҳӣ истифода бурда мешавад:
1) ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонӣ ё мусаллаҳона;
2) ҳангоми ҳуҷум бо истифода аз моддаҳои оташангез, техникаи ҷангӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёӣ ва дигар ашёи хатарнок;
3) ҳангоми бо силоҳи оташфишон ва ё бо истифода аз воситаи нақлиёт аз маҳбас фирор намудан;
4) ҳангоми аз воситаи нақлиёт фирор намудани шахсони ба ҳабс гирифташуда;
5) ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёти гурӯҳи одамон, бо мақсади истифодаи норинҷак, маводи тарканда (миёнбанди маргҷӯянда) ва дигар ашёи хатарнок;
6) барои озод кардани гаравгонҳо.
6. Нисбат ба занон, шахсони нишони аниқи маъюбӣ дошта ва ноболиғон, агар синну соли онҳо баръало аён бошад, истифода намудани силоҳи оташфишон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳои аз ҷониби чунин шахсон нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, анҷом додани ҳуҷуми гуруҳӣ ё мусаллаҳона. Истифода намудани силоҳи оташфишон ҳангоми ҷамъ омадани шумораи зиёди одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони дигар зарар бинанд, манъ аст.
7. Дар ҳама ҳолатҳои истифодаи силоҳи оташфишон корманди политсия уҳдадор аст, ки барои таъмини амнияти шахсони гирду атроф, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба зарардидагон, инчунин, хабардор намудани хешовандон ва ё шахсони наздики онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешад.
8. Корманди политсия аз ҳар ҳолати истифодаи силоҳи оташфишон дар давоми 24 соат аз лаҳза ва маҳалли истифодаи он ба сардори бевоситаи худ гузориш диҳад ва дар ҳолати ҳалок шудани одамон фавран ба прокурор хабар расонад.
9. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадории хизматӣ ва риоя кардани талаботи истифодаи силоҳ тибқи Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ ҷалб карда намешавад.
Моддаи 35. Кафолати амнияти шахсии корманди мусаллаҳи политсия
1. Корманди политсия агар чунин шуморад, ки дар вазъияти баамаломада мумкин аст асосҳои истифодабарии силоҳи оташфишон, ки дар моддаи 34 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба миён ояд, ҳуқуқи намуддор ва омода намудани силоҳи оташфишонро дорад.
2. Кушиши шахси дастгиршаванда, ки дар даст силоҳи оташфишон, сард ё ашё дошта, бо он ба саломатӣ зарар расонида метавонад, ҳангоми наздик шудан ба корманди политсия ё риоя накардани фосилаи аз ҷониби корманди политсия муқаррарнамуда, ҳамчунин, кушиши даст расонидан ба силоҳи корманди политсия ё анҷом додани ҳаракатҳои ногаҳонӣ ва дигар ҳаракатҳои хавфнок, инчунин, бе дастури корманди политсия кушиши гирифтани ашёеро дорад, ин амалҳоро корманди политсия метавонад ҳамчун таҳдиди зӯроварӣ ва хатари воқеӣ барои ҳаёт ва саломатиаш арзёбӣ намояд, ҳуқуқ дорад мутобиқи Қонуни мазкур силоҳи оташфишонро истифода барад.
БОБИ 6. ХИЗМАТ ДАР ПОЛИТСИЯ
Моддаи 36. Корманди политсия
1. Корманди политсия дар мансаби ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунанда фаъолият карда, ба ӯ бо тартиби муқарраргардида, рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ё роҳбарикунандаи политсия дода шудааст.
2. Корманди политсия либоси ягонаи расмӣ дорад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва он ройгон дода мешавад.
3. Барои айнияткунонии корманди политсия дар либоси расмии ӯ нишони сарисинагӣ бо қайди ном, насаб, номи падар, рақами шахсӣ ҷойгир карда мешавад.
4. Ба корманди политсия шаҳодатномаи хизматӣ ва нишонаи махсус (жетон) дода мешаванд, ки намунаи онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Ба корманди дар ихтиёр ва захираи кадрҳои политсия қарордошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу имтиёзҳо ва кафолати иҷтимоии барои кормандони политсия муқарраргардида, нигоҳ дошта мешавад.
6. Корманди политсияи дар ихтиёри кадрҳо қарор дошта дар мӯҳлати на зиёда аз 4 моҳ ба вазифаи холибуда таъин карда мешавад.
Моддаи 37. Рутбаҳои махсуси кормандони политсия
1. Ба кормандони политсия рутбаҳои махсуси зерин дода мешаванд:
1) ҳайати қаторӣ – қатории политсия;
2) ҳайати хурди роҳбарикунанда – сержанти хурди политсия, сержанти политсия, сержанти калони политсия, старшинаи политсия, прапоршики политсия, прапоршики калони политсия;
3) ҳайати миёнаи роҳбарикунанда – лейтенанти хурди политсия, лейтенанти политсия, лейтенанти калони политсия, капитани политсия;
4) ҳайати калони роҳбарикунанда - майори политсия, подполковники политсия, полковники политсия;
5) ҳайати олии роҳбарикунанда - генерал-майори политсия, генерал-лейтенанти политсия, генерал-полковники политсия.
2. Рутбаҳои махсуси ҳайати олии роҳбарикунандаи политсия якумра мебошанд ва бо дигар рутбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар эътироф карда мешаванд. Ҳангоми қатъ шудани хизмат дар политсия ба рутбаҳои махсуси мавҷуда, калимаи «мустаъфӣ» илова карда мешавад.
3. Рутбаҳои махсуси аввалин, навбатии ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи политсия аз тарафи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
4. Рутбаҳои махсуси олии роҳбарикунандаи политсия бо пешниҳоди вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
5. Тартиби додани рутбаҳои махсуси политсия тибқи Низомномаи дахлдор муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
6. Корманди политсия метавонад аз рутбаи махсус бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маҳрум гардад.
Моддаи 38. Уҳдадориҳои хизматӣ ва ҳуқуқҳои корманди политсия
1. Корманди политсия мувофиқи мансаби ишғолнамуда, дар доираи ваколати худ аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебарад.
2. Корманди политсия уҳдадор аст:
1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти политсияро ба танзим медароранд, донад ва иҷрои онҳоро таъмин намояд, инчунин, бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷишҳо гузарад;
2) уҳдадориҳои хизматиро мутобиқи оинномаҳои идоравӣ, дастурамалҳои мансабӣ иҷро намояд;
3) фармоиш ва супоришҳои роҳбаронро, ки ба қонун мухолифат намекунанд, иҷро намояд;
4) оид ба масъалаҳои хизматӣ ба сардори бевоситаи худ ва дигар роҳбарон муроҷиат намояд;
5) ҳар сол то якуми апрел ба мақомоти андози маҳали истиқоматаш дар бораи даромадҳо ва молу мулки худ эъломия пешниҳод намояд;
6) дар бораи ҳар як ҳолати ба ӯ муроҷиат кардани шахсон бо мақсади моил намудан ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ба сардори бевосита ва сардори болоӣ хабар диҳад;
7) тибқи Қонуни мазкур маҳдудиятҳоеро, ки ба хизмат дар политсия алоқаманд мебошанд ва нисбат ба рафтори корманди политсия дахлдоранд, риоя намояд;
8) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқиро риоя намояд.
3. Корманди политсия сарфи назар аз мансаби ишғолкардааш дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст:
1) ба шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, инчунин, ба онҳое, ки дар ҳолати оҷизӣ ё дигар ҳолати барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок қарор доранд, ёрӣ расонад;
2) ҳангоми дар бораи таҳдид ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба ӯ муроҷиат кардан ё бевосита аз тарафи корманди политсия ошкор намудани чунин кирдорҳо, ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ ва огоҳ намояд, шахсони дар содир кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ гумонбарро дастгир намояд, оид ба муҳофизати ҷойи ҳодиса тадбирҳо андешад ва дар ин хусус ба воҳиди наздиктарини политсия хабар диҳад;
3) ҳангоми муроҷиат кардан ба инсон ва шаҳрванд мансаб, рутба ва ном, насаб, номи падари худро муаррифӣ карда, шаҳодатномаи хизматиашро нишон диҳад, асоси ҳуқуқии муроҷиат карданашро иброз карда, сипас сабаб ва мақсади муроҷиатро баён намояд;
4) ҳангоми ба корманди политсия муроҷиат кардани шахсони воқеӣ, корманди политсия мансаб, рутба ва ном, насаб, номи падари худро муаррифӣ карда, ӯро бодиққат гӯш кунад, дар доираи уҳдадориҳои худ чораҳои дахлдор андешад ё фаҳмонад, ки ҳалли масъалаи гузошташуда ба ваколати кадом мақомот ё шахси мансабдор мансуб аст.
4. Корманди политсия уҳдадор аст забони давлатиро донад, арзишҳои миллиро эҳтиром ва арҷгузорӣ намояд.
5. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
1) аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқиро талаб намояд, ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ё ваколати онҳоро тасдиқ мекунанд, мавриди санҷиш қарор диҳад;
2) тибқи қарорҳои қабулнамудаи мақомоте, ки барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ваколатдор шудаанд, дар хусуси ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк аз зарар, нобудшавӣ, дуздӣ ва риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, ё ин ки барои пешгирӣ намудани зараре, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё дигар офатҳо расонида шудааст, ба шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо оид ба андешидани тадбирҳо супориш диҳад;
3) бо дастурамалҳои мансабӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди политсия, меъёрҳои баҳодиҳии уҳдадориҳои хизматӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти хизматӣ ва шартҳои болоравии мансабӣ дар политсияро муайян мекунанд, шинос шавад;
4) дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ ба суд муроҷиат намояд;
5) гузаронидани санҷиши хизматиро ба таври хаттӣ талаб намояд.
6. Корманди политсия дар рафти иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ сарфи назар аз мансаби ишғолнамуда ва маҳалли қарордоштааш ҳуқуқ дорад:
1) аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор қатъ кардани ҳаракатҳои ғайриқонуниро талаб намояд;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро ё ваколати шахсони мансабдорро санҷад;
3) дар ҳолатҳои таъхирнопазир барои расидан ба ҷойи содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо, таъқиб намудани шахсони ҷиноят содиркарда ё дар содир кардани он гумонбаршуда, ба муассисаҳои тиббӣ расонидани шахсоне, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, барои аз ҷойи садама бартараф намудани воситаҳои нақлиёти зарардида, аз воситаҳои нақлиёти ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон (ба истисно аз воситаҳои нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда тааллуқ доранд) ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон истифода барад;
4) шахсони дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбаршударо, то омада расидани намояндагони воҳиди ҳудудии политсия ё намояндагони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дастгир намояд, чунин шахсонро ба бинои дигари хизматӣ, воҳиди ҳудудии политсия ё дигар бинои хизматӣ таҳвил диҳад.
Моддаи 39. Қабул ва хизмат дар политсия
1. Ба хизмат дар политсия танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз 18 ва на зиёда аз 32 сола мебошад, забони давлатиро донад, таҳсилоти на кам аз умумии асосии ҳатмӣ дошта бошад, аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи политсия вогузоршуда барояд, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, хатмкардагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешавад.
2. Шахси ба хизмат дар политсия қабулшаванда аз қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад. Инчунин, ҳангоми ба кор қабул намудан қабулшаванда аз санҷишҳои махсус гузаронида мешавад, ки тартиби онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ муқаррар менамоянд.
3. Шаҳрванде, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст, ба хизмат дар политсия қабул карда намешавад.
4. Ба тариқи истисно дар асоси хулосаи алоҳидаи вазири корҳои дохилӣ шахсони дар қисми 3 моддаи мазкур дарҷгардида ба сафи кормандони политсия дар минтақаҳои осебпазир, наздисарҳадӣ ва дурдаст метавонанд қабул карда шаванд.
5. Ҳангоми таъин намудан ба мансабҳои политсия бо корманд шартномаи меҳнатӣ баста мешавад.
6. Политсия бо кормандони барои хизмат кирояшуда шартномаҳои муҳлатнок ва бемуҳлат мебандад. Муҳлати шартномаи муҳлатнок то 5 сол муқаррар гардида, сипас бо розигии тарафҳо шартнома метавонад ҳар 5 сол тамдид карда шавад. Шартнома барои хизмат бояд уҳдадориҳои ҳар ду тараф ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои корманди политсияро пурра дар бар гирад. Бо шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар таълими асосии ройгон мегиранд, бастани шартномаи ҳатмӣ ба муҳлати на кам аз 5 сол муқаррар карда мешавад. Дар сурати иҷро накардани шартҳои шартнома дар давоми таҳсил ё баъд аз хатми он, маблағҳои барои таълим сарфшуда аз ҳисоби онҳо ситонида мешаванд.
7. Ҳангоми қабул шудан ба хизмат корманди политсия Савганд ёд мекунад, ки матни он чунин аст:
«Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат дар политсия дохил шуда, бо тантана ва ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ САВГАНД ёд мекунам, ки то охир ба халқи худ, Ватан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмате, ки пеша кардаам содиқ бошам, адои хизматро ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда, ҳамеша ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, ҷасур, боинтизом ва дар хизмат намунаи ибрат буда, Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоям, сирри давлатӣ, хизматӣ ва дигар сирри қонун муқаррарнамударо махфӣ нигоҳ дорам. Вазифаҳои ба души ман вогузошташударо одилона, беғаразона ва бо дараҷаи баланди касбӣ, софдилона ва бечунучаро иҷро намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳ