Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (IC-корти идентификатсионӣ):
- арзиши як адад варақаи шиноснома – 10 доллари ШМА бо пардохти маблағ бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи супоридани маблағ (Бо қарори ҲҶТ аз 30 майи соли 2014 таҳти №336 ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии ҶТ ба маблағи 10 доллари ШМА муқаррар карда шудааст).
-мӯҳлати барасмиятдарории шиноснома то 15 рӯз.
Барои гирифтани шиноснома/IC аз ҷониби шаҳрванд як дона сурати сиёҳ-сафеди ҳаҷми 3,5 х 4,5 см бе каллапӯш ва шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва ё шиноснома, ки дар он мӯҳри рақами шахсияти андозсупоранда зада шудааст, пешниҳод карда мешавад.
Кӯдаконе, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ба таври ҳатмӣ шаҳодатнома дар бораи гирифтани рақами шахсияти андозсупорандаро, ки бо шаҳодатномаи дар бораи таваллуд гирифта шудааст, пешниҳод менамоянд.
Бо хоҳиши муроҷиаткунанда барои ворид намудан дар шиноснома/IC маълумот оид ба гурӯҳи хун ва резус-фактори он, шиноснома, ки дар он мӯҳр оид ба гурӯҳи хун ва резус-фактор ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, ки аз ҷониби шахси масъул бо мӯҳр тасдиқгардидааст, пешниҳод карда мешавад.
Додани шиноснома/IC ба шахсоне, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, дар асоси шаҳодатномаи таваллуд амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати пешниҳод намудани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи таваллуд, нусхаи бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд дархост карда мешавад.
Дар баробари ин нусхаи шиносномаҳои волидайн ва ҳангоми зарурат, барои тасдиқи дурустии шахсияти аризадиҳанда, шахс бо ҳамроҳии волидайн ва ё як нафаре аз онҳо (намояндагони қонуниашон) оид ба гирифтани шиноснома муроҷиат мекунанд.
Додани шиносномаҳо/IC дар асоси шаҳодатномаи дар бораи таваллуди шаҳрвандоне, ки хориҷ аз ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд, бо ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботҳои меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд, ба истиснои шаҳодатнома дар бораи таваллуд, ки аз ҷониби муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати набудани волидайн ва дар сурати пайдо шудани шубҳа оид ба шахсияти аризадиҳанда, маълумотнома аз муассисаи таълимӣ (агар шаҳрванд дар муассисаи таълимӣ таҳсил карда бошад), аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, аз мақомоти худидоракунӣ (ҷамоат), бо расми аризадиҳанда, бо мӯҳри тасдиқкунанда ва имзои шахси масъул, инчунин китобҳои хонадорӣ (ҳуҷрадорӣ) шакли 15 (минбаъд – китобҳои хонадорӣ), корти бақайдгирии шакли 13, нусха аз дафтари хоҷагидорӣ, ки бақайдгирии аризадиҳандаро оид ба шаҳодатномаи таваллуд ва ё дар қайд будани волидайн (намояндагони қонунӣ)-ро тасдиқ мекунад, пешниҳод карда мешавад.
Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- аризаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ;
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ (барои шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 27);
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо;
- ҳангоми баррасии аризаи додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 16 сола, шаҳодатномаи таваллуди ӯ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд бо мӯҳри тасдиқкунандаи мансубияти кӯдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ба шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таваллуд ва то ба синни 16 солагӣ расидан, шиноснома дар асоси ариза-саволнома, ки аз ҷониби яке аз волидон ё намояндаи қонунии ӯ пур карда шудааст, дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳояш дода мешавад.
Додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 18 сола, дар мавриди сафари мустақил, дар асоси розигии дар нотариат тасдиқшудаи волидон ё намояндагони қонунӣ, ё ҳуҷҷате, ки будани волиди дуюмро инкор мекунад (шаҳодатномаи вафот, ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи волидон, қарори суд дар бораи бедарак ғайбзада эълон намудан ва ғайраҳо) ба амал бароварда мешавад.
Арзиши як адад варақаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) дар давоми 15 рӯзи корӣ - 75 доллар,
Боҷи давлатӣ - 75 сомонӣ,
Хизматрасонӣ - 40 сомонӣ.
(Бо қарори ҲҶТ аз 02.11.с.2007, №546–хироҷи консулӣ - 75 доллар муайян шудааст).
(Нархи хизматрасонӣ ба маблағи 40 сомонӣ бо Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з тасдиқ шудааст).
(Боҷи давлатӣ 75 сомонӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян шудааст).
Арзиши як адад варақаи шиноснома дар давоми 7 рӯзи корӣ - 150 доллар,
Боҷи давлатӣ- 75 сомонӣ,
Хизматрасонӣ- 40 сомонӣ.
Арзиши як адад варақаи шиноснома дар давоми 3 рӯзи корӣ - 225 доллар,
Боҷи давлатӣ- 75 сомонӣ,
Хизматрасонӣ- 40 сомонӣ.
(Дар асоси банди 63 қарори ҲҶТ аз 02.04 соли 2009 таҳти №203 барои таъҷилӣ тайёр намудани шиносномаи биометрӣ дар муҳлати 7 рӯз (100%) ва дар мӯҳлати 3 рӯз (200%) ҳаҷми пардохт меафзояд.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) барои ноболиғон:
Арзиши як адад варақаи шиноснома дар давоми 15 рӯзи корӣ- 25 доллар,
Хизматрасонӣ- 40 сомонӣ.
Арзиши як адад варақаи шиноснома дар давоми 7 рӯзи корӣ - 50 доллар,
Хизматрасонӣ- 40 сомонӣ.
Арзиши як адад варақаи шиноснома дар давоми 3 рӯзи корӣ - 75 доллар,
Хизматрасонӣ- 40 сомонӣ.
Бақайдгирӣ ва тамдиди шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии мӯҳлати қайди шиносномаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 50 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з ба тартиби зерин хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад:
- то 3 моҳ 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 100 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 190 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии мӯҳлати қайди шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки бо онҳо рафтуомади бераводид муқаррар шудааст:
- то 3 моҳ 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 50 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 90 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Б ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии мӯҳлати қайди донишҷӯёни хориҷӣ (тахсили рӯзона):
- то 3 моҳ 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 50 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- то 1 сол 50 сомонӣ боҷи давлатӣ, 90 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бақайдгирӣ ва дарозкунии мӯҳлати қайди гурезагон
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии мӯҳлати қайди гурезагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 50 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.
Даъватномаи шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои додани огоҳиномаи (даъватномаи) шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 50 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 40-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи наздисарҳадӣ
Барои додани рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи наздисарҳадӣ тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 20-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ
Барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 3-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Тасдиқномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои додани тасдиқномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои баррасии маводҳо оиди муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои баррасии маводҳо оиди қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 30-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Барасмиятдарорӣ ва додани китобҳои ҳавлигӣ
Барои барасмиятдарорӣ ва додани китобҳои ҳавлигӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони ВКД аз 08.08 соли 2016 таҳти №474 9-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Барасмиятдарорӣ ва додани варақаи иловагӣ
Барои барасмиятдарорӣ ва додани варақаи иловагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони ВКД аз 08.08 соли 2016 таҳти №474 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 12 сомону 50 дирам боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.
Варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон
Барои додани варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 12 сомону 50 дирам боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з 10-сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ
Барои додани санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ва тамдид намудани мӯҳлати он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01 соли 2004, №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з барои додани санади зист 160-сомонӣ ва барои тамдиди санади зист 60 сомонӣ хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрвандӣ
Барои додани шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрвандӣ 160-сомонӣ ва тамдид намудани мӯҳлати он 60 сомонӣ тибқи Фармони ВКД аз 05.06 соли 2013 таҳти №400б/з хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пардохт карда мешавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>