Шаҳрвандони муҳтарам!
Дар доираи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия қабули довталабон барои таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2024-2025 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.
Таҳсили довталабон ба ҳайси бакалавр 5 сол дар муассисаҳои таълимии ВКД Федератсияи Россия муқаррар гардидааст.
Шартҳои қабул:
- ба таҳсили рӯзона дар донишгоҳу донишкадаҳои мазкур довталабон баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд;
- ҳангоми интихоби номзадҳо ба сатҳи дониш, маданият, ба камолоти рӯҳӣ, сифатҳои корӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад;
- омӯзиш ба забони русӣ мегузарад;
- тартиби таълим, дигар намудҳои таъминот тибқи шартнома ба амал бароварда мешавад;
- пешниҳоди Маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ ва сатҳи мутобиқати ҷисмонии довталаб бояд ба талаботи мутобиқати ҷисмонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мувофиқ бошад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22-юми июли соли 2024.
Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Федератсияи Россия тариқи телефони 221-30-38 гирифта метавонед.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>