Аз 2 то 6 июл дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони олиқадр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ («Садбарг»), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешаванд ва аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>