Дар асоси нақша-чорабиниҳои ШВКД дар шаҳри Истиқлол бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар пайравӣ ба сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии ин шаҳри саноатӣ мусобиқаи даставии волейбол баргузор гардид.
Ҳадафи дигари чорабинии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ва ба варзишу обутоби ҷисмонӣ машғул шудани онҳо мебошад. То ин, ки ҷавонону наврасон аз беҳудагардӣ канораҷӯӣ карда ба солимгардонии ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои мақсадноки солим таваҷҷӯҳ намоянд.Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истиқлол подполковники милитсия Шероз Алиматзода ва намояндагони МИҲД дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки варзиш кафили сулҳу дустӣ, мустаҳкамсозандаи нерӯи ҷисмонӣ ва муҳимтар аз ҳама бо хислати тарбиятгариаш дар камолоти маънавию ахлоқӣ, ҳамчун солимгардонандаи рӯҳу тани инсон шинохта шудааст.
Тавре ташаббускори чорабини сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истиқлол Шероз Алиматзода қайд намуд, ҳамасола бо роҳнамоӣ ва дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин мусобиқаҳо баҳри оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни варзиш гузаронида мешаванд, ки ғояи асосии таваҷҷӯҳ ба баргузории чорабиниҳо, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб мебошад.
Дар мусобиқаи даставӣ ҷиҳати иштирок 6 даста аз ҳисоби муассисаҳои таълимӣ, литсейи касбӣ - техникӣ ва корхонаву ташкилотҳо номнавис ва давоми се рӯз байни ҳам сабқат карданд. Дар натиҷа 3 дастаи волейболбозони беҳтарин муайян гардид. Ҳамин тариқ бо нишон додани бартарии варзишӣ дастаи «Металлург» аз ҳисоби кормандони корхонаи металҳои ранга сазовори мақоми аввали ифтихорӣ, волейболбозони дастаи Қисми мустақили №11 ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷойи дуюм ва зинаи сеюми мусобиқаро дастаи Литсеи касбӣ-техникии шаҳр соҳиб шуданд.Дастаҳои ғолиб бо дипломҳои дараҷавӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми мусобиқа сарфароз гардида, боқимонда дастаҳо барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар рушду оммавияти варзиш бо Сипосномаи сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлол мукофотонида шуданд. Ҳамзамон маҳорат ва дастовардҳои инфиродии варзишгарон дар алоҳидагӣ қадршиносӣ гардид.
Мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ роҳбарияти ШВКД ва намояндагони МИҲД шаҳри Истиқлол супориданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>