Бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар доираи чорабиниҳои тарғиботии солимгардонӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди варзишии ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини «Ҷудо» байни кормандон ва хизматчиёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар «Толори варзишии Устопириён»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Мураббиён ва дастурдиҳандагони толори варзишии «Устопириён» пеш аз оғози сабқат тартиб ва қоидаи гӯштингириро фаҳмонида, ба ҳама иштирокчиёни мусобиқа барори варзишӣ таманно намуданд.
76 нафар кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ва сарбозон аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд тайи се рӯз аз рӯйи 7 дараҷаи вазнӣ 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг ва +100 кг байни ҳам нерӯсанҷӣ карда, маҳорати гӯштингирии худро нишон доданд. Беҳтарин ҷудочиён марҳила ба марҳила бар ҳарифон ғолиб омада, қобилияти паҳлавонии худро намоён карданд.
Аз ҳама бештар паҳлавонии ҷудочиён аз қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дида шуд. Ин нишодод гувоҳӣ аз омодагии хуб ва мавҷудияти заминаи тайёрии варзишӣ дар қисмҳои ҳарбии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ҳамчунин маҳорати гӯштингирони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ, Факултети №4 Академияи ВКД, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вилоят, намояндагони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Истаравшан натиҷабахш буд. Зеро кормандони шуъбаву хадамоти номбурда дар вазнҳои гуногун ба мақомҳои фахрии мусобиқа шарафёб шуданд.
Дар ҷараёни сабқатҳои ниҳоӣ ва маросими ҷамъбастии чорабинии варзишӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Содиқзода Ҳотамшо Ҷаббор ва муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ иштироку суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки варзиш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷузъи муҳим ба шумор меравад. Зеро агар машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан нигоҳдорандаи солимӣ бошад, раванди мусобиқаҳо имконият медиҳанд, ки маҳорати варзишӣ сайқал ёбад.
Барои кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ боз аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки ҳайати шахсӣ дар ҳолати омодабошӣ ва солимии ҷисмонӣ қарор мегирад.
Аз ҳисоби даставӣ ҷойи аввал насиби дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, мақоми дуюм ба Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва зинаи сеюми ифтихориро ҷудочиёни ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ сазовор гаштанд.
Дар анҷоми мусобиқа барои дастовардҳои назаррас ва инфиродӣ ба ғолибон медал, Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>