Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг муайян гардиданд

733Мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ноҳияи Ховалинг, ва доираи васеъи варзишгарону мухлисони ин намудҳои варзиш бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, миёни варзишгарону ҳаводорони онҳо, ҳатто миёни хурдсолоне, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок доштанд дӯстиву ҳамдилӣ ва боз ҳам бештар ба варзиш машғул шуданро тақвият бахшид.

729Дар қисмати хотимавии мусобиқаҳои баргузоргардида мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷураев, муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Аслидин Шоҳиён ва муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Олимхӯҷа Олимзода ҳозиринро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май Рӯзи байналмилалии футбол пазируфта шудааст.
730Ин иқдоми наҷиби Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз як қадами устувору қавии миллат аст ва ба ҷаҳониён нишон дод, ки мо миллати бофарҳангу ботамадун мебошем.
731Инак дар мусобиқаи футболи хурд миёни 12 дастаи бо ҳам рақобатдошта дастаи «Доробӣ»-и (МТМУ) №3 бо дастаи «Ҷавонон»-и (МТМУ) №4 ба даври ниҳоӣ баромада, ниҳоятан дастаи «Доробӣ»-и ба рақиби худ ғолиб омада ҷойи аввалро ишғол намуд.
734Ҷойи дуюм насиби дастаи «Ҷавонон» гардид ва мақоми сеюмро бошад дастаи «Мактаби варзишӣ» ишғол намуд.
Инчунин дар мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот низ варзишгарони ин намуди ваврзиш аз худ маҳорати баланд нишон дода, беҳтаринҳо тавонистанд ҷойҳои намоёнро сазовор шаванд.
Аз ҷумла дар мусобиқа аз намуди «Шоҳмот» ҷойи аввалро Юсуф Раҷабалиев, ҷойи дуюмро Гулчеҳра Ҳалимова ишғол намуданд ва ҷойи сеюм бошад насиби Юсуф Шамсов гардид.
Дар мусобиқаи «Шашка» бошад мақоми аввалро Абумусаяб Баҳромов соҳиб шуд, ҷойи дуюм насиби Салимҷони Сайдаҳрор гардид ва зинаи сеюмро бошад Абдулло Султонов ишғол намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои доиргардида ҷом, медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Р.Илёсов
Т.Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2026 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика