
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои варзишгарони тоҷик тамоми имконияту шароитҳои варзишӣ фароҳам буда, варзишгарони мо метавонанд дар дилхоҳ самти варзиш шуғл варзанд ва миёни давлатҳои дигар бо гирифтани ҷойҳои намоён парчамбардорони Ватани азизамон бошанд.

Ҳамасола тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-марти соли 2007, таҳти №225 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май Дави миллӣ доир мегардад.
Имсол чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар якшанбеи сеюми моҳи май, яъне ба рӯзи 19-уми май рост омада, дар он кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолона иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир гардида, дар ин чорабинии варзишӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар ҷойҳо, аз ҷумла: аз Акдемияи ВКД омӯзгорон, шунавандагону курсантон, кормандони СХДО ВКД, Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, инчунин афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, РВКД дар ш.Душанбе ва кормандони дигар ниҳодҳо дар умум аз дастгоҳи марказии ВКД 330 нафар дар ш.Душанбе дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, дар ин чорабинии варзишии сатҳи баланд, ки дар саросари кишвари азизамон баргузор гардид, кормандони раёсату шуъбаҳо ва дигар воҳидҳои поёнии мақомоти корҳои дохилӣ бо тайёрии хуби варзишӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоиза гардиданд.
Аз ҷумла, муовини сардори шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Азиззода Хобил Азиз дар ин чорабинӣ аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Тавре муовини якуми раиси Шурои ҷумҳуриявии ВКД полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён иброз дошт, дар Дави миллӣ аз РВКД дар вилояти Суғд дар ҳайати 142 нафар, аз РВКД ВМКБ 60 нафар, аз РВКД дар вилояти Хатлон 120 нафар, инчунин 30 нафар кормандони қисми минтақавии РВКД дар ш.Кӯлоб ва дар умум 682 нафар кормандону курсантон ва сарбозони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол доштанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>