Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе зиёда аз 55 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 1600 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

663

19 майи соли 2024 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.664

665Дар Дави миллӣ дар Душанбе зиёда аз 55 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1600 нафар иштирок намуданд.666
Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии 668«Наврӯзгоҳ» баргузор гардид.
Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша кард.667
Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа — таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Тавре дар суҳбат сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода иброз дошт, манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст.
Ӯ чунин мешуморад, ки давидан қуввати баданро боло мебардорад, ки ин гувоҳи солимӣ ва тарзи ҳаёти солим бурдан аст.
Ҳамзамон иштирокчии дигар — муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода изҳор намуд, ки баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст.
«Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Сохта ва ба истифода додани иншооти гуногуни варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони мамлакат дарак аз рушду нумӯи варзиш медиҳад. Ман тамоми мардуми ҷумҳуриро даъват менамоям, ки ба варзиш машғул шаванд, зеро он, пеш аз ҳама, ба солимии худи онҳо нигаронида шудааст», — гуфт ӯ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика