Дар ин мусобиқа, ки тайи ду рӯз (11-12 май) идома хоҳад ёфт, варзишгарони навраси Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич суханронӣ намуда, ба иштирокчиён барои дарёфти ҷойҳои намоён комёбиҳо таманно кард.
Мавсуф меҳмонони аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Қазоқистону Қирғизистонро ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки варзиш таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқҳо ва пеш аз ҳама кафили саломатист.
Қобили қайд аст, ки муҳорибаи гуштини тарзи юнону румӣ таърихи қадима дорад, вале имрӯзҳо ин намуди варзиш миёни варзишгарони ҷавону наврас маҳбубияти зиёд пайдо мекунад. Сол то сол ба ин намуди варзиш хоҳишмандон пайваста, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаллӣ ва ҷаҳонӣ баромад менамоянд.
Боиси хурсандист, ки ташкилотҳои «Динамо»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди варзиш таваҷҷӯҳи хоса дошта, мусобиқаи имрӯза далели гуфтаҳои болост. Боварӣ аст, варзишгарони наврас дар ин мусобиқа фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, парчамбардори кишвари худ мегарданд.
Дар идомаи чорабинӣ, ба муносибати кушодашавии мусобиқаи мазкур аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мураббиён - намояндагони Қазоқистону Қирғизистон, инчунин собиқадорони соҳаи гуштини тарзи юнону румии ҷумҳурӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Айни замон, варзишгарон аз рӯи дараҷаи вазн тақсимбандӣ гардида истода, барои қувваозмоӣ омодагӣ мебинанд.
Доварии мусобиқаро устодони варзидаи сатҳи байналмилалӣ: сардовар Олим Алоназаров, доварон Наврӯз Назаров, Субҳон Абдукаримов, Ҳабиб Абдуллоев, Фаррухруз Раҳмонов, Баҳром Орипов ва дигарон ба зимма доранд.
Аз рафти мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз намуди «Гуштини тарзи юнону румӣ» миёни наврасон иловатан маълумот хоҳем дод.
Х.Солиҳов

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>