Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишии оташнишонон бахшида ба Иди Ғалаба

Ҳамин буд, ки ҳафтаи  сипаришуда  дар  варзишгоҳи машқӣ-таълимии  РХДО ш.Душанбе, вобаста ба ҷашни Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги  Ватанӣ, мусобикаи СХДО оид  ба варзиши  сабук  байни  ҷузъу  томҳои  Хадамоти  оташнишонии  горнизони  Душанбе баргузор гардид.

Мусобиқа байни 16 дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла: давидан ба дарозии 100 метр, давидан ба масофаи  5 км,  турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва эстафетаи  оташнишонӣ баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии варзишӣ ҷойи аввалро дастаи қисми 1-уми Хадамоти  оташнишонӣ  оид ба  муҳофизати ноҳияи  Шоҳмансури  ш.Душанбе, ҷойи дуюмро дастаи қисми 2-юм оид муҳофизати  н.Фирдавсии  пойтахт ва ҷойи  сеюмро дастаи қисми 13-ум оид муҳофизати ш.Турсунзада ишғол  намуданд.

Дар фарҷоми  чорабинӣ аз тарафи  роҳбарияти Сарраёсат  ғолибони    мусобиқа бо Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Толиб Ҳаётов, Кароматулло   Абдуллоев, СХДО ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика