23-юми июли соли 2024 дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони "Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия" баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ва раисону аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ итирок намуданд. Нахуст ҷаласаро сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба раёсати мазкур хайрамақдам гуфт.
Зикр гардид, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри дар амал татбиқ намудани раванди ислоҳоти милитсия корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ин росто ҳамкориҳои судмандро бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа самаранок ба роҳ мондааст.
Хосатан, дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба таври фаврӣ расидагӣ намудан ба муроҷиати сокинони пойтахт сомонаи расмии Раёсати мазкур таъсис дода шуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт пайгирӣ карда мешаванд.Ҳамчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрии нозирони минтақавӣ бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва сокинони пойтахт ташкил ва баргузор гардида, тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд ҳамасола озмуни «Корманди беҳтарини Раёсати ВКД дар ш. Душанбе» аз намуди самтҳои гуногуни фаъолият ба роҳ монда шавад.
Дар доираи раванди ислоҳоти милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар соли 2024 Нуқтаи сайёри милитсия оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, он ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба ноҳияҳои шаҳри Душанбе сафарбар мегардад.
Зимни сафар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба тариқи сайёр қабул карда шуда, дар ҷараёни он роҳбарияти раёсат, кормандони хадамоти шиносномавӣ, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвақронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, нозирони минтақавӣ, ташхиси криминалистикӣ, Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок менамоянд, ки ин иқдом барои ҳамкории милитсия бо ҷомеа саҳми босазо гузошта истодааст.
Дар чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозола Сафиало Азизуло зимни суханронӣ қайд кард, ки амалишавии ислоҳоти милитсия яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имрӯз бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Маҳз маҳаки асосии ноил гардидан ба чунин ҳадафҳо ҳамкории мустаҳками милитсия бо ҷомеаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, онҳо дар раванди татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 хело фаъол мебошанд.
Мавсуф зимни баромад, аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа мисолҳои мушаххас оварда, қайд кард, ки танҳо дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн имконият ба даст оварда мешавад, ки мо ба мақсадҳои худ дар самти амалишавии ислоҳоти милитсия, таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем.
Дар ҷараёни мизи мудаввар ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани робита ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа таклифу пешниҳодҳои муфид ироа гардид.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>