Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯлоб: Мизи мудаввар таҳти унвони "Саҳми шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия"

165119 июли соли 2024 дар толори меҳмонхонаи «Бобоҷон»-и шаҳри Кӯлоб дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва Нақша-чорабинии муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе барои соли 2024 мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» баргузор гардид.

1652Дар мизи мудаввар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, муовини сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб подполковники милитсия Салимзода Бегиҷон, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович, раисони шӯроҳои ҷамъиятии ҚМ РВКД дар Гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД дар ҚМ РВКД дар Гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва масъулини шуъбачаву гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии минтақаи мазкур иштирок доштанд.
1653Нахуст дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оид ба Гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Шамсзода Зикриё баромад намуда, оиди фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод.
1654Қайд гардид, ки дар давраи сипаришуда шӯроҳои ҷамъиятии минтақа фаъолияти худро баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятиро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб интихоб намуданд, то ки дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ намоянд.
1655Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби шӯроҳои ҷамъиятӣ, як қатор чорабиниҳои мақсаднок, аз қабили чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ, ташкили ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, паҳн намудани видеолавҳаҳои тарғиботӣ, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва корбариҳо дар самти иҷрои Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ карда шуданд.
1656Дар рафти ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло баромад намуда, таъкид кард, ки иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҷараёни ислоҳот хело муҳим буда, бояд шаҳрвандон имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд. Зеро чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, хубу самаранок гардидани самтҳои фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.
1657Дар идомаи мизи мудаввар гузориши роҳбарони шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Данғара, Ховалинг, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ш.Шоҳин, Муминобод ва дигар шахсони масъул оид ба фаъолияти корӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 шунида шуд.
1658Дар ҷараёни маърӯзаҳо таклифу пешниҳод ва муҳокимарониҳо дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳарчӣ наздик сохтани аҳолӣ бо милитсия ва иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия сурат гирифт. Гуфта шуд, ки фаъолият дар самти анҷом додани корҳои профилактикӣ ва ҳисоботи давравии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда шавад, то ин ки шаҳрвандон вобаста ба вазъи криминогении минтақаи истиқоматиашон маълумот гирифта дар бартарафсозии он иштирок намоянд.
Ҳамчунин, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло вобаста ба бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" зикр намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар заминаи иқдоми Президенти кишвар, тасмим гирифта буд, ки Низомномаи шӯроҳои ҷамъиятиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Низомномаи мазкур 13 феврали соли 2024, № 59 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Имрӯз масъулини ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри таъмини иҷрои қарор мазкур чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Дар охир, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Иштирокчиёни мизи мудаввар аз баргузор гардидани чунин ҳамоиш ва ҳамкории зичи онҳо бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд барои таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва пойдории сулҳу субот дар кишвар пайваста саҳми назарраси худро гузоранд.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика