16 июли соли 2024 дар толори хурди меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД, Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон» роҳандозӣ карда шуд.
Дар мизи мудаввар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода, намояндаи дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони сардорони шуъбаҳои ВКД, масъулини шуъбачаву гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Натиҷагирӣ аз тадбиқи нақшаҳои ислоҳоти милитсия, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкамсозии робитаи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ ба он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия маҳаки асосии мавзӯи мизи мудавварро фаро гирифт.
Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ чорабиниро оғоз бахшида, вобаста ба фаъолият ва бурду бохти Шӯроҳои ҷамъиятии минтақа дар 6 моҳи сипаришудаи соли равон ҳисоботи мушахас дод. Зикр гардид, ки баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия фаъолият ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аъзоёни Шӯро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб сарҷамъ гардида дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ менамоянд.
Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ, ташкили ҳисоботи нозири минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, паҳн намудани видеолавҳаҳои тарғиботӣ, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ аз ҷумлаи корбариҳо дар самти Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 мебошанд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода ва муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода зимни баромад таъкид намуданд, ки иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҷараёни ислоҳот хело муҳим буда, бояд шаҳрвандон имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд. Зеро чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, хубу самаранок гардидани самтҳои фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо бо ҳамин мақсад бо дастури роҳбарияти ВКД дар мақомоти корҳои дохилӣ «Телефони боварӣ – 221-21-21», «Сомонаи ВКД», «Телефони мадад - 1919», дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои тарғиботӣ ва қабули муроҷиатҳои электронӣ ташкил карда шудааст.
Дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд низ чораҳои зарурӣ ҷиҳати густариш додани ҳамкории милитсия бо ҷомеа андешида шуда, таклифу пешниҳод ва муроҷиати шаҳрвандон саривақт баррасӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол милитсия Суғд дар баробари ташкили «Телефони боварӣ» таҳти рақами 6 22 22, ба роҳ мондани «Рӯзи қабули шаҳрвандон», боз 4 адад автомашинаи хизматии «Нуқтаи сайёри милитсия»-ро дар ихтиёр дорад, ки ба минтақаҳои аҳолинишини дурдаст сафарбар гардида арзу шикояти аҳолиро қабулу баррасӣ менамоянд.
Аз рӯи нақша, ҳафтае як маротиба ҳайати кории Нуқтаҳои сайёрӣ милитсия ба минтақаҳои дур аз маркази шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуда ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд. Нозирони минтақавии милитсия вазифадор шудаанд, ки пешакӣ аҳолиро аз баргузории чорабинӣ огоҳ намоянд.
Дар идомаи мизи мудаввар гузориши роҳбарони гурӯҳи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Зафаробод Фирдавс Боймуродов, ноҳияи Деваштич Зикрулло Иброҳимов ва шаҳри Истиқлол Азиз Ҳофиззода оид ба фаъолияти корӣ давоми нимсолаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Дар ҷараёни маърӯзаҳо таклифу пешниҳод ва муҳокимарониҳо дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти шӯроҳо, ҳарчӣ наздик сохтани аҳолӣ бо милитсия ва иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия сурат гирифт. Гуфта шуд, ки ҳисоботи давравии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда шавад, то ин ки шаҳрвандон вобаста ба вазъи криминогении минтақаи истиқоматиашон маълумот гирифта дар бартарафсозии он иштирок намоянд.
Ҳамзамон аз тарафи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода аз фаъолияти политсияи давлатҳои Аврупо, мақомоти корҳои дохилии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва дар кадом сатҳ қарор доштани ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти интизомӣ мисолҳои воқеӣ оварда шуд. Дар робита ба мавзӯъ ва самаранокии фаъолият истифодабарӣ аз таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои хориҷӣ, табодули таҷриба байни шӯроҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятҳо, технологияҳои пешрафтаи паҳн кардани иттилоот ва минбари ВАО, сомонаҳои иҷтимоӣ, сатҳи забондонии кормандони милитсия ва аҳолӣ муҳим арзёбӣ гардида, дар ин раванд ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ, пешрафту тараққиёт ва амнияту осоиштагии Ватан, ба ҳозирин таъкид гардид.
Иштирокдорони мизи мудаввар дар баробари баррасии барномаи кори Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар рафти чорабинӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>