Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар Босния ва Ҳерсеговина

16235-уми июли соли 2024 ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло аз Вазорати корҳои дохилии Босния ва Ҳерсеговина ва Раёсати полиси шаҳри Сараевои вазорати мазкур дидан намуданд.

Ҳайати Вазорати корҳои дохилиро Директори полиси Федератсияи Босния ва Ҳерсеговина Мирсад Вилич ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷаноби Мирсач Вилич ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилиро ба ин кишвар хайрамақдам гуфта, аз ташриф ва таваҷҷӯҳи меҳмонон нисбат ба омӯзиши раванди ислоҳоти милитсия дар Федератсия Босния ва Ҳерсеговина изҳори хушнудӣ намуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ аз ҷониби ҷаноби Мирсач Вилич оид ба сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина ва фаъолияти политсияи ин кишвар маълумоти муфассал пешкаш карда шуд.
1624Ҳамчунин, дар қисмати дуюми рӯз ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Раёсати политсияи Вазорати корҳои дохилии Босния ва Ҳерсеговина дар шаҳри Сараево дидан намуданд. Ҷаноби Алмеддин Бактаневич ба ҳозирин оид ба тартиби ташкил, такмили политсия ва фаъолияти имрӯзаи он маълумоти мушаххас дод.
Зимнан дар ҷараёни сафар ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагии Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Сараевои Босния ва Ҳерсеговина ташриф оварданд.
1625Гурӯҳи кориро ҷаноби Ҷорҷе Ҷогович ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба Босния ва Ҳерсеговина хайрамақдам гуфт.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои ташкили сафари омӯзишӣ ба Босния ва Ҳерсеговина изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҳайати Гурӯҳи корӣ давоми чанд рӯзи сафар, ки дар Босния ва Ҳерсеговина қарор доштанд, аз дастовардҳои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар самти гузариш ба низоми политсия баҳравар гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷаноби Ҷорҷе Ҷогович вобаста ба фаъолияти милитсия дар асоси маълумот ва ахбороти оперативӣ тавассути рӯнамо (презентатсия) маълумоти мушаххас дод.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар раванди амалишавии ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ хоҳанд монд.1626
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика