
2-юми июли соли 2024 ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина ҷиҳати омӯзиши раванди ислоҳоти милитсия сафар намуданд.
Нахуст ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина дидан намуданд. Ҳайати Вазорати корҳои дохилиро сардори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Аврупои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ хонум Искра Стогинович ташрифи ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин кишвар хайрамақдам гуфта, аз ташриф ва таваҷҷӯҳи меҳмонон нисбат ба омӯзиши раванди ислоҳоти милитсия дар ҷумҳурии мазкур изҳори хушнудӣ намуд.
Баъдан дар ҷараёни шиносоӣ аз ҷониби Директори банақшагирӣ ва стратегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина тавассути рӯнамо (презентатсия) оид ба сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина ва фаъолияти политсияи идораи марбута омода ва пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин, дар қисмати дуюми рӯз ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Департаменти политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина дидан намуданд. Меҳмононро муовини сардори Департаменти политсия ҷаноби Илия Плавша ба ҳузур пазируфт. Ҷаноби Илия Плавша меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба ҳозирин оид ба тартиби ташкил ва такмили Департаменти политсия дар доираи ислоҳоти милитсия маълумоти мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ ва омӯхтани таҷрибаи низоми политсия дар Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина то 8-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода.


Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>