Ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа, намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқ ва аъзои шурои ҷамъиятии шаҳрӣ доир гардид.
Дар мулоқоти мазкур раиси Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сараввал гузориши муовини раиси Шурои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсонҷон Исоев доир ба фаъолияти корӣ дар давоми панҷ моҳи аввали соли 2024 шунида шуд.
Номбурда зимни пешниҳоди ҳисобот баён дошт, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №211 аз 1 июни соли 2021 оид ба Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2017, №256 «Дар бораи Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти милитсияи шаҳр барои пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои доғи рӯз аз имкониятҳо босамар истифода намуд.
Аз ҷониби Шурои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 6 вохӯриву мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои Мевагул, Қорираҳмат Қурбонов, Тиллокон, Содирхон Ҳофиз, Масҷиди Савр, Якуми май, инчунин бо кормандони соҳаи маориф ва хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзуъҳои «Пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» гузаронида шуд.
Зимни баромади худ раиси Шурои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоташон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот рисолати милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳифзу тартиботи ҷомеа равшан мушаххас намуда, баён дошта буданд: “Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад”.
Ҷаласаи корӣ бо саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои иштирокчиён ба кори худ хотима бахшид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>