Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Мизи мудаввар оид ба раванди ислоҳоти милитсия дар шаҳри Кӯлоб

42520 апрели соли 2024 дар доираи Нақша-чорабинии муштарак байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар шаҳри Душанбе, бо иштироки шуроҳои ҷамъиятӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мизи мудаввар баргузор гардид.426

Дар мизи мудаввари мазкур иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Шонадирзода Шоҳусайн, намояндагони Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ва раисони шуроҳои ҷамъиятии Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
427Нахуст, кори ҷаласаро раиси Шурои ҷамъиятии Қисми минтақавии мазкур Шамсзода Зикриё оғоз намуда, оид ба фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии минтақа муфассал ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки шуроҳои ҷамъиятии минтақа дар ҳамкорӣ бо ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуби ҷомеа корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ин муддат бо сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақа вохӯриҳои судмандро дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона, хушунати хонаводагӣ, риоя намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуданд.
Ҳамчунин, шуроҳои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб баҳри оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим ташаббускор буда, дар минтақаҳои осебпазир мусобиқаҳои варзишӣ доир намуданд.
Илова бар ин, зикр гардид, ки намояндагони шуроҳои ҷамъиятӣ бинобар дар ҷумҳурӣ эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо мақсади ба шаҳрвандон расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия иштирок намуда, ба минтақаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо сафар карданд.
Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани сатҳи дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ “Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин” ташкил гардида, ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, бевосита арзу шикояти мардумро қабул ва баррасӣ менамояд.
Дар идомаи ҷаласа, полковники милитсия Шонадирзода Ш. суханронӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти пурсамари шуроҳои ҷамъиятӣ баҳри амалӣ гардидани раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро яке аз механизми асосии ҷорӣ намудани ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеа тавассути шуроҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.
Зимни суханронӣ Шонадирзода Ш. аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, ёдовар шуда, иброз дошт, ки мо бояд шаҳрвандонро бо мазмуну муҳтавои суханронии мазкур ошно созем, ба онҳо фаҳмонем, ки аз пайравӣ ба урфу одатҳои бегона, тақлидкорӣ ва хуруфотпарастиву зиёдаравӣ дар ҷашну маросим даст кашанд. Ба тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри соҳибилм намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа намояндаи Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар шаҳри Душанбе Мирослов Милоевич суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зикр гардид, ки Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар самти равнақ додани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ин раванд идома дорад.
Дар хотима, намояндагони шуроҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти масъулини мақомоти милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои беҳбудии фаъолият таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2026 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика