Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа

685

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438 аз 19 марти соли 2013 оид ба Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2017, №256 ҷиҳати таъсиси "Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия" рӯзҳои 18-19-уми декабри соли 2020 бо иштироки 15 нафар нозирони минтақавӣ ва 5 нафар аъзоёни ШҶ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун дар мавзӯи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Барои омӯзиш тренерон-омӯзгорони Академияи ВКД Абдулаҳадзода А. ва Нуриддинзода С. сафарбар гардида буданд.
Сараввал Ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, майори милитсия Шарифзода Х. бо овардани иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро оғоз бахшида, қайд намуд, ки "Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд".
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин раванд таъкид месозад, ки "Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён мо метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, мубориза барем".
Сипас, Абдулаҳадзода А. баромад намуда, маълумот дод, ки бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз 30 июни соли 2020, №417 "Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа" тасдиқ гардидааст, ки масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеаро дар бар мегирад.
Дар идомаи чорабинӣ номбурда бо ҳамроҳии Нуриддинзода С.Н. мувофиқи барномаи семинар ба иштирокчиён бо ташкили кор дар гурӯҳҳо, муаррифӣ ва саволу ҷавоб бо санъати волои суханронӣ, бо маҳорати баланди андешаронӣ, бо беҳтарин муошират омӯзиш ташкил намуда, бо ибрози луғати бойи калимаҳои соҳавӣ (терминҳо) мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро соддаю оммафаҳм баён намуданд.
Баъди анҷоми семинар намояндагони ҷомеа баромад намуда, аз баргузории чунин тарзи семинар, яъне дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони милитсия ва ҷомеа ташкил шудани семинари омӯзишӣ, бахусус дар ҳузури онҳо додани дарси инсондӯстӣ бо намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати ҷабрдидагону ҳуқуқвайронкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуда, зиёд гаштани боварию эҳтироми худро ба Сарвари давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ иброз доштанд.

686687

Ҳамзамон ба ташкилкунандагон ва ташкилоти байналмилалии "Дунёи бехатар" (Сейферворл) изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Гул Маҳбуба, Шарифзода Хушбахт




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2026 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика