Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мукаммалгардонии вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии кормандони милитсия дар партави ислоҳоти милитсия

1231

Рӯзи 25-уми ноябри соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Самтҳои мукаммалгардонии вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии кормандони милитсия дар партави ислоҳоти милитсия» баргузор гардид. Чорабинии илмиро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А., бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зарурияти ислоҳоти милитсия ва муваффақиятҳои бадастовардаро дар ин самт мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод.
Ҳамдамзода Валихон - Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи: «Моҳияти асосии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014 - 2020» баромад намуда, қайд кард, ки ислоҳот дар Мақомоти корҳои дохилӣ зарурияти воқеие дорад, ки бояд анҷом дода шавад. Чи хеле, ки маълум аст милитсияи тоҷик аз давраи таъсисаш то ба имрӯз доимо дар ислоҳот қарор дорад. Яъне тағйиротҳои сохторӣ ва вазифавие, ки дар ислоҳотҳои пешина ба роҳ монда шуда буданд, нақши худро дар таъмини тартиботи ҷамъиятию давлатӣ ба хубӣ иҷро карда тавонистанд, ки ин муваффақият аз андешаи оқилонаи роҳбарияти давлат ва аз талошҳои зиёди роҳбарияти мақомот вобастагии амиқ дорад. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки таҳлилҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки меъёрҳои барномавии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия аксарият иҷро гардида, дар оянда дигар чораҳои банақшагирифта иҷро мегарданд.

1232

Дар раванди конференсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони илмии ШТИ ва ТН дар мавзӯи «Актуальность нравственности службы в ОВД (милиции) на современном этапе», Нуралиев Содиқҷон Шарифович - сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия, дар мавзӯи «Такмил додани фаъолияти институти ғайриштатии милитсия, тартиби ба ҳамкорӣ ҷалб намудан, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва истифодабарии онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», Абдулаҳадзода Абдулвоҳид Абдулаҳад - сардори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2, подполковники милитсия дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳое, ки барои ҳамкории милитсия бо ҷомеа монеа мешаванд ва роҳҳои ҳалли он», Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин –дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, майори милитсия дар мавзӯи «Кафолати ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии корманди милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия», Ҳабибуллозода Афзалшо - курсанти курси 3, гурӯҳи таълимии 308 факултети №2, милитсияи қаторӣ дар мавзӯи «Вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии милитсияи тоҷик дар солҳои 1924» баромад намуданд.
Убайдуллоев Ш.Э., Нуриддинзода С.Н.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2026 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика