Имрӯз 15.10.2020с. Дар бинои Дафтари барномавии САҲА Дар ш.Душанбе ҷаласаи Платформаи шарикии «Тоҷикистон-САҲА» дар шакли онлайнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Вазрии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли САҲА – Туула Юрёла, Ҳамоҳангсоиз миллӣ оид ба ислоҳоти милистия полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ва намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади мубодилаи афкору таҷриба дар самти такмили ҳамкории самаранок, инчунин муайян, мувофиқа ва тасдиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҳамоҳангсоиз миллӣ оид ба ислоҳоти милистия суханронӣ намуда вобаста ба мақсад ва натиҷаҳои чашмдошти лоиҳаҳое, ки бояд дар доираи ислоҳоти милисия дар соли 2021 татбиқ гарданд ибрози ақида намуд. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки:
«Вазорати корҳои дохилӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти мақомоти милитсия, таҷрибаҳои дар ин марҳилаи якуми ислоҳот бадастомада, инчунин таҳлилу омӯзиши раванди ислоҳоти мақомоти политсияи кишварҳои хориҷа лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия намудааст, ки айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Вазорат умедвораст, ки Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе дар доираи Барномаи нав уҳдадориҳои худро дар самти амалӣ намудани механизми донорӣ иҷро мекунад ва 10 лоиҳаҳои ҳанӯз соли 2019 пешниҳодшударо бори дигар таҳрир намуда, ҷиҳати ворид намудан ба Реестри лоиҳаҳои амалишавандаи САҲА ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории донорӣ чораҳои таъхирнопазирро меандешад.
Ҷиҳати пешгирии паҳншавии Пандемияи Ковид-19 беҳтар аст, ки дар соли 2021 тренингу семинарҳо дар шакли онлайн гузаронида шуда, маблағҳои аз ин самт сарфа карда шуда, барои татбиқи лоиҳаи «Таъсис додани 8 Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар минтақаҳои дурдасти аҳолинишин» равона карда шавад. Лоиҳаи мазкур ҳадафҳои зеринро дорад:
• шуури ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад;
• кафолати воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби милитсия таъмин мегардад;
• дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нав ва мусбии корманди милитсия ташаккул меёбад;
• сифати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо беҳтар мегардад;
• кушодани ҷиноят ва дастгиркунии ҷинояткор бо изи гарм таъмин мегардад;
• сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти милитсия коҳиш меёбад.
Лоиҳаи дуюм, ки Вазорат тасмим гирифтааст дар соли 2021 амалӣ намояд, ки «Таъсис додани Милитсияи патрулӣ дар шаҳри Душанбе» мебошад.
Натиҷаҳои чашмдошти лоиҳаи мазкур инҳо мебошанд:
Милитсия ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзӣ мубаддал мегардад. Пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷониби милитсия дар назар дошта мешавад ёрии аввалияи тиббӣ, равонӣ, ҷустуҷӯи шахсони гумшуда, кӯмак ба ронандагоне, ки ба вазъияти душвор қарор доранд ва ғайра.
Дар шуури ҷомеа милитсияи касбӣ ва боэътимод ташаккул дода мешавад, ки симоии зоҳирии он аз шаффофият ва дастрас будани хизматрасонии милитсия кафолат ва шаҳодат медиҳад.
Шакли нави либоси хизматии корманди милитсия ин асоси фахр ва эҳтироми на танҳо худи кормандон ҳатто шаҳрвандон бояд бошад.
Майори милитсия Шарифзода Х.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>