Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия дар ВКД ва тамоми раёсат ва шуъбаҳои милитсия дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсия ташкил гардид, ки ин қадами устуворест дар ин самт.
Ҳадафи асосии он - мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Барои натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти онҳо, дар байни Шӯроҳо озмун эълон ва пас аз натиҷагирӣ рӯзи 24-уми май дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенси»-и шаҳри Душанбе нахустин маросими ҷоизасупорӣ барои Беҳтарин нақшаи профилактикӣ дар солҳои 2018-2019 баргузор гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи профилактикӣ дар доираи амалисозии барномаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-и Ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Saferworld) татбиқ гардида, онро идораи Департаменти давлатии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ маблағгузорӣ намудааст.
Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 милитсия бо самти нави ислоҳот рӯ овард. Дар ин солҳо се ҳуҷҷати асосӣ - Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 қабул шудааст. Ҳамзамон, дар ин самт фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба тасвиб расиданд.
- Хурсандиовар аст, ки дар амалигардонии Ислоҳоти милитсия бо мақомоти корҳои дохилӣ шарикони иҷтимоӣ ҳамкории густурда доранд. Воқеан ҳам, ниҳодҳои ҷамъиятӣ барои ба мақсад расонидани ин ҳуҷҷатҳо ва амалисозии ислоҳоти милитсия саҳми сазовори худро гузошта истодаанд. Мо дар якҷоягӣ мехоҳем, ки милитсияи тоҷик мисли политсияи умумиҷаҳонӣ ба тамоми талаботҳое, ки вобаста ба фаъолияти хизматии онҳо пешниҳод карда мешавад, ҷавобгӯ бошад. Дар ҳақиқат, милитсия бояд хизматгори халқ бошад, тавре Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон зикр намуданд: «Ҳар яки мо - роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо.
Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».
Пешниҳод менамоям, ки ин гуфтаҳои Пешвои миллат чун шиор дар гӯшаҳои ифтихории ҳамаи шуъбаҳои милитсия гузошта шавад ва бо ҳамарӯза дидани ин суханони пурҳикмат ҳисси масъулиятнокию хештаншиносии ҳар як корманд баланд гардад, - афзуд Карим Солиев.
Ҳамин тавр, номинатсияҳо аз рӯи чунин категорияҳо ҷудо карда шуданд:
Фарогирии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ - барои нақшаи профилактикӣ зери унвони «Пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа», ки ҳангоми татбиқи он тамоми табақаҳои аҳолӣ, ҳамчун ақаллиятҳои миллӣ, шахсони дорои маъюбият, ҷавонон ва ғайра фаро гирифта шуда буданд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат лоиқ донистанд.
Ба назаргирии масъалаҳои гендерӣ - ба хотири амалисозии нақшаи профилактикиии «Пешгирии зӯроварӣ дар ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ», ки ҳангоми амалисозии он масъалаҳои гендерие, ки боиси зӯроварӣ, низоъҳо, ҷиноятҳо ва ғайра, инчунин баробарӣ байни занон ва мардон, баробарҳуқуқии онҳо ва нақшаҳои иҷтимоии онҳо ба назар гирифта шуда буданд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсияи ин ноҳия сазовор дониста шуд.
Баназаргирии масъалаҳои низоъангез – баҳри нақшаи профилактикии «Нақшаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо/ҷиноятҳо дар байни ҷавонони ҷамоати деҳоти Хистеварз», ки ба пешгирӣ ва ё ҳалли низоъҳои мавҷуда равона шуда буд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии ин ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров насиб гардид.
Фарогирӣ аз ҷониби васоити ахбори омма - Нақшаи профилактикие, ки дар давоми амалисозӣ гардиданаш аз тарафи ВАО (рӯзномаҳо, радио, барномаҳои телевизионӣ ва ғайра) бештар фаро гирифта шуда буд, бо номи «Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар шаҳри Турсунзода (ҷамоати деҳоти Пахтаобод)»-ро Шӯрои мазкур дар ин ҷамоат шарафёб гардид.
Ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ - Нақшаи профилактикӣ, ки таҳти унвони «Мусоидат намудан ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии ШВКД-ҳо дар вилояти Хатлон» бо иштироки фаъолони милитсия ва мақомоти давлатӣ (мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо) таҳия ва татбиқ гардидааст, ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон супорида шуд.
Устуворӣ - ба нақшаи профилактикие, ки дар оянда татбиқи он бе дастгирии молиявӣ идома дода хоҳад шуд, барои нақшаи «Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонони шаҳри Норак» ба Шӯрои ҷамъиятии шуъбаи милитсияи ин шаҳр дода шуд.
Фарогирии ҷуғрофӣ ва аҳолӣ – барои нақшаи профилактикии «Бетараф набош!», ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ бештар фарогир буд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Сипас, дар маросими ҷоизасупорӣ барои Беҳтарин нақшаи профилактикӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр аз номи роҳбарияти ВКД изҳори сипосу миннатдории хешро ба намояндагони Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма расонид. Ҳамчунин, барои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии муваффақ дар амалисозии нақшаҳои зарурӣ ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа инъикоси пурра дарёфтаанд, дар оянда барору комёбӣ таманно намуд.
Дар охир аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор аъзои фаъоли Шӯроҳои ҷамъиятӣ, барои мусоидат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бехатарии ҷомеа ва пешбарии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ Сипоснома тақдим гардид. Ҳамчунин, ҳамкорони иҷтимоӣ - Хирад Каргасов, Нуралӣ Ҳалимов, Манижа Тилавова, Қиёмиддин Шарипов ва Гулпарӣ Латипова бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷараёни ҷоизасупорӣ Гурӯҳи «Авесто» бо таронаву оҳангҳои ҷаззобу дилнишин хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>