
Ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ барои кормандони оперативии Раёсат ва ҷузъу томҳои он бо иштироки роҳбарону кормандони оперативии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ доир гардид.
Конференсияро муовини аввали сардори Раёсат генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсад аз гузаронидани конференсия равшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иборат мебошанд. Аз ҷумла, дар замони муосир масъалаи амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар макон, ки дар шароити густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки терроризму экстремизм аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бахусус, сохаи Прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучандро тақозо менамояд.
Нозири калон - таҳлилгари Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонов Умед дар мавзӯи «Воситаи нашъадор, прекурсорҳо ва воситаи нашъадори синтетикӣ» ва «Вазъи нашъамандӣ ва кишти кукнор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соли 2017» бо намоиши видеороликҳо баромад намуда, иброз дошт, ки истеъмоли маводи мухаддир пеш аз ҳама ба бузургтарин сармояи миллату ҷомеа, яъне ақлу зеҳни инсонҳо таҳдид мекунад. Ин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳуввият ва умуман асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат мебошад.
Сардори кафедраи фанхои давлатӣ ва ҳукуқи Академияи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии тоҷикистон подполковники милитсия Сафаров Ҳаётҷон дар мавзӯи «Самтҳои асосии пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстримистӣ» баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, иштироки ҷавонон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар кард. Зикр гардид, ки муҳимтарин самтҳои пешгирии ифротгароии ҷавонон дар айни замон ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ баҳри ҳифзи амният, аз таблиғоти ифротгароён эмин нигоҳ доштани ин қишри ҷомеа мебошад.

Инчунин чанд нафар аз иштирокдорони чамъомад дар мавзӯҳои «Чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ», «Омӯзиши нашри №3 маҷаллаи илмӣ ва иттилоотию таҳлилии «Наркофронт-2017» ба музокира баромаданд.
Офоқ Қодириён

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>