Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба оқибатҳои ногувори тундгароӣ ва ифротгароӣ

Дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон, донишҷӯён, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло баромад намуда, қайд кард, ки зуҳуроти номатлуб - терроризм ва экстремизм дар аксар давлатҳо ба монанди Сурия, Ироқ ва Афғонистон доман паҳн карда, дар ин кишварҳо задухӯрдҳо идома доранд. Бадбахтона имрӯз ин гурӯҳҳои ифродгаро ва тундрав тавонистаанд, ки чандин нафаронро фирефтаи сиёсати ғаразнок ва шомили гурӯҳҳои хеш кунанд. Бинобар ин терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир буда, хатари минтақавию байналмилалиро ба бор меорад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бояд дар пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир саҳми худро гузорад. Зеро бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд, - афзуд дар идомаи суханронӣ Азизулозода С.А.
Дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ, инчунин коршиносони масоили динӣ ва мудири шуъбаи дин ва танзиму анъанаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек баромад намуда, зикр кард, ки шаҳрвандон бояд бо эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва ҳисси миллӣ талаботи волоияти қонунро муқаддас шуморида, дар мубориза бо тундгароӣ ва ифродгароӣ масъул бошанд.
Офоқ Қодириён  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика