20 июли соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари хизматӣ ба ноҳия ва минтақаи Рашт бо зиёиён, аҳли ҷамоатчигӣ, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи мазкур, кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ вохӯрӣ доир намуд.
Зимни суҳбату вохӯриҳо Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. вобаста ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, аҳли зиё, олимон ва ходимони дини кишвар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, таълимоти ғақриқонунии динӣ, фолбинию ҷодугарӣ, хурофотпарастӣ ва ҳама гуна таҳдид ва хатарҳои замони муосир фаъолияти хизматии хешро пурзӯр намуда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ зиёиён ва аҳли ҷамоатчигӣ омодагии худро барои ҳамкориҳои самаранок иброз дошта, зикр карданд, ки ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, то дар ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа нақши босазои худро гузоранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>