16 июли соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус генерал-лейтенанти милитсия Кубраков Иван Владимирович баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамтои худ генерал-лейтенанти милитсия Иван Кубраков ва ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорусро барои ташрифашон ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хушомадед гуфта, баргузории ин вохӯриро барои пешрафту самаранок гардидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, инчунин мубодилаи таҷриба, иттилоот ва дар ҳамбастагӣ муқовимат намудан ба хатарҳои замони мусоир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ Протокол оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо ба имзо расид.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>