Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

44813 июни соли 2024 мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике баргузор гардид.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Раҷеш Уикеро барои таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои муҳим ба мавсуф барору комёбиҳо таманно кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуданд.
Дар хотимаи мулоқоти судманд, ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2025 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика