7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед аз вазифа озод ва ба вазифаи машваратчии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа, аз он ҷумла:
- генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух ба вазифаи сардори РВКД дар шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қудратулло ба вазифаи сардори РВКД дар вилояти Суғд;
- генерал-майори милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор ба вазифаи сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;- генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;- генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Алихон Рустам ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шайдуллозода Ҷамшед Мирзо ба вазифаи сардори Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон;
- полковники милитсия Хайруллозода Муҳриддин Хайрулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;
- полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ;
- подполковники милитсия Ҳайдарзода Суҳроб Насруддин ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино;
- полковники милитсия Раҳматзода Иззат Нусрат ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино;
- полковники милитсия Истамзода Машраф Истамӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш;
- полковники милитсия Файзуллозода Илҳом Файзулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;
- майори милитсия Ниёззода Саидмақсуд Сайдамир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ;
- подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;
- подполковники милитсия Чиллазода Вафо Ҷурахон ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;
- полковники милитсия Одиназода Саидаҳтам Сироҷ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;
- полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвоз;
- подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ;
- полковники милитсия Талбакзода Анвар Талбак ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Норак;
- подполковники милитсия Алиматзода Шероз Шавкат ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлол;
- подполковники милитсия Ҷабборзода Абдулло Қодир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён;
- полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун;
- полковники милитсия Ҷаборзода Илҳом Саттор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
- подполковники милитсия Аҳмадзода Қобил Шуҳрат ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштиҷ таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳар як корманди соҳа ва бахусус, ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳушёрию зиракии доимӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
“Донистани забонҳои хориҷӣ, бо назардошти таҳдидҳои замони муосир истифода аз технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интихоб ва таъини кадрҳои дорои савияи донишу малакаи баланди касбӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбари воҳидҳои сохтории вазорат ба ҳисоб мераванд”, — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Бобати таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар доираи Низомнома ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва муборизаи беамон бо коррупсия дар тамоми сохторҳои вазорат аз дастурҳои Пешвои миллат буданд, ки зимни суҳбат ироа гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>