28 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистону Россия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират таҳти раисии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович, бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни даври дуюми музокирот масъалаҳои вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти муваққатии меҳнатиро анҷом медиҳанд, сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, густариши ҳамкориҳо оид ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳамзамон лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 муҳоқима гардида, иштирокчиён ҷиҳати мукаммал намудани лоиҳаи мазкур як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Зимни музокирот иштирокчиён оид ба масъалаҳои тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳиза ва фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Музокирот дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>